Душанбе: Лату кӯби то марг барои қарздорӣ

Чанде қабл дар канори шаҳри Душанбе як ҳодисаи фоҷебаор ба вуқӯъ пайваст. Як мард дар ҳолати мастӣ шахси ба ӯ қарздорро то ба марг расидан лату кӯб кардааст. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, кормандони милисаи ноҳияи Рӯдакӣ-2 ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят сокини шаҳри Ваҳдат Сангалӣ Шарифови 29-соларо боздошт намудаанд. «Ӯ […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар канори шаҳри Душанбе як ҳодисаи фоҷебаор ба вуқӯъ пайваст. Як мард дар ҳолати мастӣ шахси ба ӯ қарздорро то ба марг расидан лату кӯб кардааст.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, кормандони милисаи ноҳияи Рӯдакӣ-2 ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят сокини шаҳри Ваҳдат Сангалӣ Шарифови 29-соларо боздошт намудаанд.

«Ӯ дар ҳолати мастӣ сокини 44-солаи ноҳияи Рӯдакӣ Ҷонмаҳмад Каримовро, ки аз ӯ 2 ҳазору 500 доллари ИМА қарздор будааст, ба вохӯрӣ даъват намуда, ӯро лату кӯб ва сипас сарашро ба занг задаст», – зикр мегардад дар хабари ВКД.

Ба иттилои манбаъ, Ҷ.Каримов аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.   

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.