Таъсиси Шӯрои нави назди раиси пойтахт

Ояндаи наздик дар назди раиси шаҳри Душанбе Шӯро оид ба баррасии масоили рӯзмарраи пойтахт таъсис дода мешавад. Имрӯз зимни суханронӣ дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳор кард, ки ба ҳайати Шӯрои мазкур намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ шомил гардида, Шӯро ба таҳияи лоиҳаҳои стратегии рушди шаҳри Душанбе […]

Аваз Юлдошев


Ояндаи наздик дар назди раиси шаҳри Душанбе Шӯро оид ба баррасии масоили рӯзмарраи пойтахт таъсис дода мешавад.

Имрӯз зимни суханронӣ дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳор кард, ки ба ҳайати Шӯрои мазкур намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ шомил гардида, Шӯро ба таҳияи лоиҳаҳои стратегии рушди шаҳри Душанбе машғул хоҳад шуд.

Раиси пойтахт зимни суханрниаш ҳамчунин зикр кард, ки дар фурсатҳои наздиктарин мақомоти шаҳрдорӣ лоиҳаи нави интерактивӣ таҳти унвони «Бе миёнаравҳо»-ро мавриди амал қарор медиҳад.

«Лоиҳаи нави интерактивӣ» бахшҳои маорифу тандурустӣ, фарҳангу ҳифзи иҷтимоӣ, варзиш, сиёсати ҷавонон, оила, амалисозии нақшаи генералии шаҳр, инноватсия, тиҷорату хизматрасонӣ ва мубориза бо коррупсияро фаро хоҳад гирифт», – гуфт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки тавассути лоиҳаи нави интерактивӣ сокинон ва меҳмонони пойтахт метавонанд оид ба мушкилоти ин соҳаҳо бевосита бо мақомоти шаҳрдории пойтахт дар тамос шудаву роҳи ҳалли мушкилот ва тавсияҳои худро пешниҳод намоянд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.