Беш аз 1 млн. $ маблағгузории ширкати чинӣ ба рушди кони сурбу руҳ

Date:


Дар давоми соли 2012 ҶДММ «Ширкати саноати кӯҳкории Тоҷикистону Чин» ба рушди кони сурбу руҳи «Зарнисори Шимолӣ» (Олтин-топкани шимолӣ) беш аз 5 млн. сомонӣ (зиёда аз 1 млн. $) маблағгузорӣ кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати мазкур хабар доданд, соли 2013 гирифтани иҷозатнома барои истихроҷи маъданҳои нимаметаллӣ аз захираҳои кони «Зарнисори Шимолӣ, иҷрои корҳои иктишофиву геологӣ ва пармаи чоҳҳои иктишофӣ дар чуқурии 5,3 ҳазор метр дар назар аст.

«Дар ҳамдастӣ бо «Экспедитсияи комплексии геологии Қайроққум» лоиҳаи «Иктишофи ҷузъии самти ҷанубу ғарбии кони «Зарнисори Шимолӣ» таҳия гардида, маводи геологӣ барои таҳияи арзёбии фанниву иқтисодии нишондиҳандаҳои доимӣ ва ҳисобу китоби захираҳои сурбу руҳ дар кон омода ва ин кор соли оянда идома дода мешавад», – гуфтанд дар ширкат.

Дар ширкат аз ифшои миқдори захираҳои кон ва ҳаҷми сармоягузориҳои оянда, ки ширкат барои сохтмони корхонаи металлургӣ равона карданӣ буд, худдорӣ варзиданд.

Аз рӯи майдон кони «Зарнисори Шимолӣ ҳамчун кони бузург арзёбӣ мешавад. Дар кони мазкур ба ҷуз сурбу руҳу нуқра, ҳамчунин мавҷуд будани захираҳои тило, висмут, селен, теллур, таллий, индий, галлий ва германий эҳтимол меравад. Соли гузашта арзиши умумии корҳо 100 млн. сомонӣ арзёбӣ гардида буд, ки ҳудуди 21 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...