Таътили зимистонаи толибилмон як моҳ давом мекунад

Date:


Таътили зимистонаи толибилмони макотиби таҳсилоти умумии Тоҷикистон як моҳ давом мекунад.

Тавре аз Вазорати маорифи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, таътил 1-уми январ оғоз гардида, 31-уми январ таҳсил оғоз меёбад. «Матни қарор дар ин бораи омода гардида, вале ҳанӯз аз ҷониби вазири маориф Нуриддин Саидов ба имзо нарасидааст», – гуфтанд дар вазорат.

Ба иттилои манбаъ, ҳоло ба таътили баҳорӣ баромадани толибилмони макотиб маълум нест, зеро соли оянда таҷлили Иди Наврӯз дар Тоҷикистон муддати 5 рӯз идома меёбад. «Сарфи назар аз таъин шудан ё нашудани таътили баҳорӣ, толилмон дар иди Наврӯз истироҳат хоҳанд кард», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки иди Занги камолот чун анъана 25-уми май ҷашн гирифта хоҳад шуд.

Ёдрас мекунем, ки соли равон Вазорати маорифи ҷумҳурӣ бо назардошти супориши мақомоти шаҳрдории Душанбе ва сард омадани зимистони имсола таътили тирамоҳии толибилмони макотиби таҳсилоти умумиро бекор кард.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...