Вохӯриҳои кормандони ХМ бо сокинони Ваҳдат

Date:


Имрӯз дар шаҳри Ваҳдат силсилавохӯриҳои кормандони Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ бо аҳолии маҳаллӣ ба итмом мерасад.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти хадамоти мазкур, дар вохӯриҳо ба масъалаҳои касбомӯзӣ, сатҳи забондонии муҳоҷирони меҳнатӣ, депортатсия(ихроҷкунӣ), одобу русум, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, сафари ноболигон ба Русия,  баҳисобгирии муҳоҷирон-шаҳрвандони Тоҷикистон, шиносоӣ бо вазъи муҳоҷирони меҳнатии шаҳрвандони тоҷик дар хориҷи кишвар, таърих ва фарҳанги кишварҳои қабулкунанда ва дигар масъалаҳои вобаста ба ин соҳа таваҷҷуҳ зоҳир шуд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин оид ба бастани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо пеш аз сафар ба Русия, дурӣ ҷустан аз миёнаравон дар бозори меҳнат, аз ташхиси тиббӣ гузаштани муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар ва баъд аз он ва зери таъсири манфӣ карор нагирифтани ҷавонон ба ақидаҳои радикалӣ суҳбатҳои судманд барпо шуданд.

Зимнан зикр гардид, ки қаблан дар ноҳияҳои Шаҳринаву Ҳисор ва шаҳри Турсунзода низ ба ин монанд вохӯриҳо баргузор гардида буданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...