Дар Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби демократии Тоҷикистон (ҲДТ), ки рӯзи 23-юми декабр дар шаҳри Душанбе бо иштироки 85 нафар вакилон баргузор шуд, дар бораи таъсиси Шӯрои сиёсии ҳизб тасмим гирифта шуд.
Ҳамин тариқ, дар анҷуман тамоми ҷиноҳҳои ҲДТ, аз ҷумла ҷиноҳе, ки Масъуд Собировро ба сифати раиси ҳизб эътироф намекарду Маҳмадрӯзи Искадаровро раиси худ мешинохт, муттаҳид шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» узви Шӯрои сиёсии ҲДТ рӯзноманигор Раҷаби Мирзо иттилоъ дод, дар асоси алтернативӣ роҳбари яке аз ҷиноҳҳои ҲДТ Саидҷаъфар Исмонов пешвои ҳизб интихоб шуд.
Ба қавли ӯ, акнун собиқ раиси ҳизби аз ҷониби Вазорати адлия расман сабтиномшудаи ҲДТ Масъуд Собиров сарфи назар аз даъватҳои чандинкарата, дар кори анҷуман иштирок накард.
Ёдрас мекунем, ки қаблан
шуъбаву бахшҳои вилоятии ҲДТ дар вилояти Суғду Хатлон ва ВМКБ
аз эътирофи Масъуд Собиров ҳамчун раиси ҳизб даст кашида буданд. Соли 2006 дар анҷумани ғайринавбатии ҲДМ Масъуд Собиров аз ҷониби гурӯҳи демократҳо раиси ҳизб интихоб шуд. Аз кӯшишҳои ҷонибдорони М.Искандаров бобати бо тартиби судӣ ғайриқонунӣ эътироф кардани мақомоти раҳбарии ҳизб таҳти сарварии Собиров ҳеҷ натиҷае ҳосил нашуд. Баръакс, суд ба ҷонибдорони Искандаров истифодаи нишонаҳои ҲДТ-ро манъ намуда буд.



