Интихоби пешвои нав дар Анҷумани ғайринавбатии ҲДТ

Дар Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби демократии Тоҷикистон (ҲДТ), ки рӯзи 23-юми декабр дар шаҳри Душанбе бо иштироки 85 нафар вакилон баргузор шуд, дар бораи таъсиси Шӯрои сиёсии ҳизб тасмим гирифта шуд. Ҳамин тариқ, дар анҷуман тамоми ҷиноҳҳои ҲДТ, аз ҷумла ҷиноҳе, ки Масъуд Собировро ба сифати раиси ҳизб эътироф намекарду Маҳмадрӯзи Искадаровро раиси худ мешинохт, муттаҳид […]

Аваз Юлдошев


Дар Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби демократии Тоҷикистон (ҲДТ), ки рӯзи 23-юми декабр дар шаҳри Душанбе бо иштироки 85 нафар вакилон баргузор шуд, дар бораи таъсиси Шӯрои сиёсии ҳизб тасмим гирифта шуд.

Ҳамин тариқ, дар анҷуман тамоми ҷиноҳҳои ҲДТ, аз ҷумла ҷиноҳе, ки Масъуд Собировро ба сифати раиси ҳизб эътироф намекарду Маҳмадрӯзи Искадаровро раиси худ мешинохт, муттаҳид шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» узви Шӯрои сиёсии ҲДТ рӯзноманигор Раҷаби Мирзо иттилоъ дод, дар асоси алтернативӣ роҳбари яке аз ҷиноҳҳои ҲДТ Саидҷаъфар Исмонов пешвои ҳизб интихоб шуд.

Ба қавли ӯ, акнун собиқ раиси ҳизби аз ҷониби Вазорати адлия расман сабтиномшудаи ҲДТ Масъуд Собиров сарфи назар аз даъватҳои чандинкарата, дар кори анҷуман иштирок накард.

Ёдрас мекунем, ки қаблан

шуъбаву бахшҳои вилоятии ҲДТ дар вилояти Суғду Хатлон ва ВМКБ

аз эътирофи Масъуд Собиров ҳамчун раиси ҳизб даст кашида буданд. Соли 2006 дар анҷумани ғайринавбатии ҲДМ Масъуд Собиров аз ҷониби гурӯҳи демократҳо раиси ҳизб интихоб шуд. Аз кӯшишҳои ҷонибдорони М.Искандаров бобати бо тартиби судӣ ғайриқонунӣ эътироф кардани мақомоти раҳбарии ҳизб таҳти сарварии Собиров ҳеҷ натиҷае ҳосил нашуд. Баръакс, суд ба ҷонибдорони Искандаров истифодаи нишонаҳои ҲДТ-ро манъ намуда буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.