Нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов имрӯз ба унвони ҳамтои ӯзбеки худ Шавкат Мирзиёев дар робита ба қарори «Узтрансгаз» оид ба қатъи интиқоли газ ба Тоҷикистон мактуб ирсол намуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии дипломатии Тошканд дар шаҳри Душанбе хабар доданд, дар мактуби О.Оқилов зикр гардидааст, ки талаботи яксолаи Тоҷикистон ба гази табиӣ аз Ӯзбекистон 200 млн. метри мукаабро ташкил медиҳад.
«О.Оқилов изҳори боварӣ намудааст, ки ҳаҷми зарурии талаботи яксолаи Тоҷикистон барои кишвари ҳамсоя қобили таваҷҷуҳ нест», – гуфтанд дар сафорати Ӯзбекистон дар ҶТ.
Ба иттилои манбаъ, шурӯъ аз 24-уми декабр бинобар сабаби ба итмом расидани қарордод оид ба интиқоли газ, Ӯзбекистон ба коҳиши ҳаҷми интиқоли он оғоз кард.
«Ба иллати анҷоми муҳлати қарордоди интиқоли газ барои соли 2012, интиқоли гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон рӯзи 31-уми декабр, соати 18:00 пурра қатъ карда мешавад», – изҳор карданд дар сафоратхонаи Ӯзбекистон.
Ёдрас мекунем, ки қаблан манбаъҳои муътамади наздик ба ҳукумати ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дода буданд, ки мутобиқ ба қарори «Узбекнефтегаз» ва сохтори он «Узтрансгаз», аз
31-уми декабри соли равон
интиқоли гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон қатъ мегардад.
«Гуфтушунид барпо нашуд. Ӯзбекистон сабаби чунин тасмим гирифтанро шарҳ намедиҳад, вале ба «Тоҷиктрансгаз» огоҳинома расид, ки аз 31-уми декабр интиқоли гази табиӣ аз кишвари ҳамсоя қатъ карда мешавад ва аллакай ҳаҷми воридоти газ ба таври назаррас коҳиш ёфтааст», – гуфтанд сарчашмаҳои хабар.



