Интиқоли 90,9 млн. кВт/соат барқ ба Афғонистон дар ду моҳ

Бино ба маълумоти моҳи декабрии гузориши «Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон», дар давоми моҳҳои октябр-ноябри соли равон аз Тоҷикистон ба Афғонистон 90,9 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шудааст. Барои муқоиса – пойтахти Тоҷикистон шабонарӯзӣ аз 5 (моҳи июн) то 14 млн. кВт/соат (моҳи феврал) ва Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) шабонарӯзӣ 14-17 млн. кВт/соат […]

Пайрав Чоршанбиев


Бино ба маълумоти моҳи декабрии гузориши «Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон», дар давоми моҳҳои октябр-ноябри соли равон аз Тоҷикистон ба Афғонистон 90,9 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шудааст.

Барои муқоиса – пойтахти Тоҷикистон шабонарӯзӣ аз 5 (моҳи июн) то 14 млн. кВт/соат (моҳи феврал) ва Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) шабонарӯзӣ 14-17 млн. кВт/соат нерӯи барқ истифода мекарданд.

Қаблан ширкати «Барқи тоҷик» изҳор дошта буд, ки Тоҷикистон ба Афғонистон шабонарӯзӣ камтар аз 3 фоизи миқдори умумии барқи истеҳсолнамуда дар кишварро интиқол медиҳад ва ин ба таносуби умумии таъминоти барқ барои аҳолӣ ва хоҷагии халқи кишвар тақрибан таъсире намерасонад.

Дар ширкат таъкид дошта буданд, ки интиқоли ин миқдори барқ барои дар зери шиддат нигоҳ доштани хатҳои интиқоли барқ ва таҷҳизот дар хатти интиқоли барқи «Сангтӯда-Пули Хумрӣ» ба хотири ғорат нашудани онҳо  ҳатмӣ мебошад.

Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, моҳҳои январ-ноябри соли равон Тоҷикистон ба маблағи умумии ҳудуди 19 млн. $ нерӯи барқ содирот намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (3,6 млн. $) 5,2 маротиба зиёдтар аст.

Дар гузориши «Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон» зикр мегардад, ки моҳи ноябри соли равон дар Тоҷикистон 1 млрд. 251 млн. кВт/соат ё худ дар як шабонарӯз 41,7 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст. Моҳи гузашта ҳаҷми умумии истеъмоли нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ 1 млрд. 210 млн. кВт/соатро ташкил додааст, ки нисбат ба моҳи ноябри соли гузашта 79 млн. кВт/соат камтар мебошад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.