Шикояти волидайни маҳбусони ноболиғ аз шиканҷа

Падару модарони маҳбусони ноболиғе, ки дар муассисаи ислоҳии тарбиявӣ барои ноболиғон қарор доранд, аз истифодаи шиканҷа нисбати фарзандонашон аз ҷониби кормандони муассиса шикоят оварданд. Ба қавли онҳо, ин ҳодисаҳо баъди сардори нави муассиса таъин шудани Исмат Қурбонов оғоз гардидаанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» волидайни маҳбусони ноболиғ хабар доданд, рӯзи душанбе онҳо бо чунин шикоят ба […]

Рамзия Мирзобекова


Падару модарони маҳбусони ноболиғе, ки дар муассисаи ислоҳии тарбиявӣ барои ноболиғон қарор доранд, аз истифодаи шиканҷа нисбати фарзандонашон аз ҷониби кормандони муассиса шикоят оварданд. Ба қавли онҳо, ин ҳодисаҳо баъди сардори нави муассиса таъин шудани Исмат Қурбонов оғоз гардидаанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» волидайни маҳбусони ноболиғ хабар доданд, рӯзи душанбе онҳо бо чунин шикоят ба намояндаи Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар ҶТ (Омбудсмен) муроҷиат карда, дархост намудаанд, ки ба ин мушкилот расидагӣ намояд.

«Фарзандони мо мегӯянд, ки баъди таъин шудани сардори нав,  нисбати онҳо амалҳои шиканҷаву таҳқир, лату кӯб, ҷазоҳои гуногун аз қабили аз бар кардани сарулибос дар обуҳавои сард, хушк кардани саҳни ҳавлии муассиса бо латта, манъи зиёд овардани маводи ғизойӣ ва ба дигарон надодани он ва дигар кирдорҳои бераҳмона зиёд шудаанд», – иттилоъ додаанд ба намояндаи Омбудсмен волидайни маҳбусони ноболиғ.

Яке аз занон зикр намуд, ки писари ӯ пешгириву боздошти чунин амалҳоро дархост карда, изҳор доштааст, ки дар сурати акс, даст ба худкушӣ мезанад, зеро дигар сабру тоқат ғайриимкон аст.

Волидайни маҳбусони ноболиғ аз Омбудсмен хоҳиш кардаанд, ки дар муассиса санҷиш ва ташхиси тиббии маҳбусон гузаронида шуда, гунаҳкорон ба ҷавобгарӣ ҷалб карда шаванд. Дар ҳамин ҳол, онҳо дархост карданд, ки аз ифшои ному насабашон худдорӣ варзида шавад, зеро барои ин аз мавриди муҷозот қарор гирифтани фарзандонашон дар ташвишанд.

Намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи иносн ба онҳо ваъда додааст, ки тамоми далелҳои дар муроҷиати онҳо зикргардида мавриди таҳқиқ қарор хоҳад гирифт.

Дар ҳамин ҳол, ба Ҳизби умумимилии сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲУСДТ) низ чунин шикоят ворид шудааст. Ба гуфтаи раиси ҲУСДТ Раҳматилло Зойиров, онҳо аллакай ба унвони мақомоти гуногун, аз ҷумла Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони ҶТ, Вазорати адлия, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Прокуратураи генералӣ ва САҲА бобати тафтиши воқеъбинонаи далелҳои зикршуда дар ин муассиса изҳорот-дархост ирсол кардаанд.

Чанде қабл раиси Ҳизби умумимилии сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲУСДТ) Раҳматилло Зойиров таъсиси комиссия оид ба мониторинги муассисаҳои ислоҳӣ дар мавриди истифодаи амалҳои ғайиқонунӣ, аз ҷумла шиканҷа нисбат ба маҳбусонро пешниҳод кард.

«ҲУСДТ таъсиси комиссияеро тақозо дорад, ки ба ҳайати он натанҳо кормандони муассисаҳои иҷрои ҷазо, балки вакилони парлумону намояндагони аҳзоби сиёсӣ, ТҒД, Вазорати адлия, Прокуратураи генералӣ, ҳайати мушовараи адвокатҳо, созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва ВАО низ шомил бошанд», – иброз дошта буд раиси ҳизб.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.