Ҳосили имсолаи пахта ҳудуди 415 ҳазор тоннаро ташкил дод

Соли равон кишоварзони Тоҷикистон ҳудуди 415 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки аз нақшаи пешбинишуда 3,3% зиёдтар мебошад. Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, имсол кишоварзони вилояти Хатлон ҳудуди 278,9 ҳазор, Суғд – тақрибан 113,7 ҳазор ва навоҳии тобеи марказ – 21,5 ҳазор тонна ҳосили пахта ба даст оварданд. Пахтакорони вилояти […]

Пайрав Чоршанбиев


Соли равон кишоварзони Тоҷикистон ҳудуди 415 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки аз нақшаи пешбинишуда 3,3% зиёдтар мебошад.

Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, имсол кишоварзони вилояти Хатлон ҳудуди 278,9 ҳазор, Суғд – тақрибан 113,7 ҳазор ва навоҳии тобеи марказ – 21,5 ҳазор тонна ҳосили пахта ба даст оварданд. Пахтакорони вилояти Хатлон аз нақша ба андозаи 5,8% ва Суғд – 1,1% бештар ҳосил ҷамъоварӣ намуда, дар навоҳии тобеи марказ нақша 85% ба иҷро расид.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи ноябри соли ҷорӣ кишоварзони тоҷик аз иҷрои нақшаи ҷамъоварии ҳосили пунбадона мужда расонида буданд. Соли ҷорӣ дар майдони ҳудуди 200 ҳазор гектар пунбадона кишт шуда, нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта 401 ҳазор тонна муқаррар гардида буд.

Қобили зикр аст, ки соли равон бинобар сабаби боронҳои пайдарпайи баҳорӣ оғози мавсими ғунучини ҳосили пахта ба муддати як моҳ дер афтод.

Соли гузашта пунбадона дар майдони 203 ҳазор гектар кишт шуда, 403 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шуда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.