Телефони боварии БМТ барои ислоҳи камбудиҳо

Бо мақсади таҳлили ҳамаҷониба ва ҳалли фаврии мушкилотҳое, ки дар фаъолияти банкоматҳои ташкилотҳои қарзии мамлакат ба миён меоянд ва ҳаллу фасли дигар масъалаҳои марбут ба истифодабарии қартаҳои пластикӣ аз имрӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон хадамоти телефони боварӣ ба кор шуруъ намуд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон акнун ҳар муштарӣ ва соҳибони қартаҳои […]

ASIA-Plus


Бо мақсади таҳлили ҳамаҷониба ва ҳалли фаврии мушкилотҳое, ки дар фаъолияти банкоматҳои ташкилотҳои қарзии мамлакат ба миён меоянд ва ҳаллу фасли дигар масъалаҳои марбут ба истифодабарии қартаҳои пластикӣ аз имрӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон хадамоти телефони боварӣ ба кор шуруъ намуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон акнун ҳар муштарӣ ва соҳибони қартаҳои пардохтӣ метавонанд дар мавриди камбудию нуқсонҳое, ки ҳангоми истифода бурдан аз хизматрасонии банкоматҳо рӯ ба рӯ шудаанд, бо рақами (+992 44) 600-15-20 ба БМТ хабар диҳанд.

Чанде қабл дар вохӯрии раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов бо роҳбарони ташкилотҳои қарзии мамлакат зикр гардида буд, ки тибқи маълумоти омодашуда то 1 ноябри соли равон дар қаламрави ҷумҳурӣ 416 банкомат мавҷуд аст.

«Дар натиҷаи санҷиш маълум гардид, ки аз 200 банкоматҳои санҷидашуда 54-тои он бо сабабҳои техникӣ, надоштани пул ва ғайра кор намекарданд. Ҳамчунин маълум гардид, ки вазъи ташвишовар бештар дар шаҳри Душанбе ба назар мерасад», – гуфта шуд дар мулоқот.

Дар робита ба ин, ба бонкҳо тавсия дода шуд, ки дар рӯзҳои баланд будани талабот ба пули нақд – рӯзҳои додани маош, стипендия, нафақа ва дигар намуди пардохтҳо нуқтаҳои иловагии пешниҳоди пули нақд, ки бо PОS-терминалҳо ҷиҳозонида шудаанд, ташкил карда шаванд, инчунин ба коршоямии шабонарӯзии банкоматҳо диққати ҷиддӣ дода шавад. Дар баробари ин, дар марказҳои савдо ва бозорҳо ҷойгир намудани POS-терминалҳо барои ба роҳ мондани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ бо истифодаи қартаҳои пластикӣ мувофиқи матлаб аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.