Ҳукумат ҳаҷми сармояи «Агроинвестбонк»-ро афзуд

spot_imgspot_img

Дата:


Ҳукумат ҳаҷми сармояи «Агроинвестбонк»-ро ба маблағи 200 млн. сомонӣ таҳким бахшид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҶСК «Агроинвестбонк» хабар доданд, тайи чанд соли ахир бонк ба амалисозии барномаҳои давлатии таъиноти стратегӣ барои Тоҷикистон ҷалб шуда, аз ҷониби бонк ҳамчунин баҳри барномаи таъмини амнияти ғизоӣ низ воситаҳо ҷудо карда шуданд.

Ба қавли ҳамсуҳбат, тамоми маблағгузориҳои ҶСК «Агроинвестбонк» давраҳои дарозмӯҳлатро дар бар гирифта, воситаҳои қарзӣ бошанд, кӯтоҳмуҳлат буданд. «Бо назардошти ин ҳолат ва бо мақсади дастгирӣ, ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифт, ки заминаи самрмоявии «Агроинвестбонк» бонк ба маблағи 200 млн. сомонӣ таҳким дода шавад», – шарҳ доданд дар яке аз бонкҳои мувафффақи кишвар.

Дар ҳамин ҳол, дар Бонки миллии Тоҷикистон аз шарҳу тавзеҳи масъалаи таҳкими заминаи сармоявӣ (рекапитализатсия)-и «Агроинвестбонк» аз ҷониби ҳукумат худдорӣ варзиданд.

Таҳкими заминаи сармоявӣ (рекапитализатсия) барқарор кардани сармояи оинномавии бонкҳо ё дигар ташкилотҳои қарзӣ мебошад. Ба таври соддатар бошад, давлат миқдори муайяни маблағи пулиро ҷудо карда, ба саҳмияҳои бонк иваз мекунад ва дар сармояи он ба ҳисса соҳиб шуда, ҳаммолики он мегардад.

Ба эътиқоди раиси Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон Иззатулло Лаълбеков, дар баъзе ҳолатҳо рекапитализатсия ба хотири наҷоти бонк аз муфлисшавӣ сурат мегирад, аммо дар ҳолати марбут бо «Агроинвестбонк» ин тавр нест.

Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита ӯ изҳор намуд, ки давлат дар ҷараёни афзоиши заминаи сармоявии бонкҳо иштирок карда метавонад ва вазифаи давлату ҳукумат ва Бонки миллӣ аз роҳ надодан ба муфлисшавӣ иборат буда, баҳри он иқдомоти мушаххас рӯйи кор меоянд.

«Таҳкими заминаи сармоявӣ яке аз воситаҳои пурзӯр шудани пардохтпазирии бонкҳо буда, имконоти пешниҳоди сармоягузориҳои бонк ба қарзҳо ба ҳаҷми он вобаста аст. Ин иқдом ба таъмини фаъолияти муътадили низоми бонкӣ равона шудаст», – гуфт ӯ.

Номбурда ҳамчунин илова намуд, ки таҷрибаи рекапитализатсияи бонкҳо дар тамоми кишварҳо амри маъмул аст.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар Тоҷикистон 16 бонк, аз ҷумла 1 бонки давлатӣ, 9 бонки саҳҳомӣ ва 6 бонки хориҷӣ амал мекунанд. ҶСК «Агроинвестбонк» бо сармояи оинномавии эълоншуда дар ҳаҷми 185 млн. сомонӣ (моҳи июни соли 2012) ба сегонаи бонкҳои муваффақтарини кишвар шомил аст. Ҳаҷми сармояи оинномавии ҶСК «Ориёнбонк» ва ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» бештар буда, мутаносибан 300 млн. ва 250,3 млн. сомониро ташкил медиҳанд.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...