Боздошти наркобарони маъруфи тоҷик дар АМА

Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари Русия дар бораи боздошти Атобек Гулмамадов дар Аморати Муттаҳидаи Араб (АМА) хабар дод, ки яке аз роҳбарони гурӯҳи бузурги байнулмилалии қочоқбарони нашъа ба шумор меравад. Бино ба иттилои хадамоти мазкур, дар амалиёти боздошти Гулмамадов ба ҷуз мақомоти интизомии Русия, кормандони Интерпол, ВКД АМА, Агентии мубориза бо маводди мухаддири ИМА, Кумитаи […]

lenta.ru


Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари Русия дар бораи боздошти Атобек Гулмамадов дар Аморати Муттаҳидаи Араб (АМА) хабар дод, ки яке аз роҳбарони гурӯҳи бузурги байнулмилалии қочоқбарони нашъа ба шумор меравад.

Бино ба иттилои хадамоти мазкур, дар амалиёти боздошти Гулмамадов ба ҷуз мақомоти интизомии Русия, кормандони Интерпол, ВКД АМА, Агентии мубориза бо маводди мухаддири ИМА, Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон ва ВКД Белорус низ саҳм гузоштаанд. Айни замон масъалаи истирдоди боздоштшуда ба Русия мавриди ҳаллу фасл қарор дорад.

Гулмамадов шаҳрвандии ду давлат – Тоҷикистону Русияро доро буда, шиносномаи Русияро бо тартиби содашуда дастрас намудааст. Ғайр аз ин, ӯ якчанд шиносномаи сохта бо ному насабҳои гуногунро ҳам дар ихтиёр дорад.

Тибқи фарзияи Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари Русия, Гулмамадов шахсан роҳбарии интиқоли 400 кило аз 900 кило героинро, ки чанде қабл зимни амалиёти бузургмиқёс мусодира шуданд, ба уҳда доштааст. Соли 2012 ӯ ҷиҳати гуфтушунид оид ба интиқол ду маротиба пинҳонӣ ба Русия сафар кардааст. Қабл аз пайгирии гумонбари асосӣ, мақомоти Русия 15 нафар ҳаммаслакони ӯро дастгир кардаанд.

Моҳи ноябри соли 2012 Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари Русия дар бораи итмоми амалиёти «Картель» хабар дод, ки муддати чор сол давом кард. Зимни амалиёти мазкур 25 нафар қочоқбарони нашъа дастгир ё нобуд шуда, 750 кило маводи мухаддир (аз ҷумла 175 кило дар марҳилаи хотимавии амалиёт дар шаҳри Набережные Челны) мусодира гардид. Моҳи декабр оғози амалиёти нав эълон гардида, зимни он дар вилояти Кемерово ва Қазоқистон 250 кило героин дарёфт ва мусодира карда шуд.    

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.