Оғози парвандаи ҷиноӣ оид ба ҳалокати се нафар дар садама

Аз рӯи ҳодисаи садамаи нақлиёт, ки субҳи рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузшта дар шаҳри Душанбе рух дода, бар асари он бародарони ҷавони дугоник ва дӯсти онҳо ба ҳалокат расиданд, парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Шуъбаи БДА-и Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе Шерафган Латифов хабар дод, ҳодисаи мазкур мутобиқи моддаи […]

Аваз Юлдошев


Аз рӯи ҳодисаи садамаи нақлиёт, ки субҳи рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузшта дар шаҳри Душанбе рух дода, бар асари он бародарони ҷавони дугоник ва дӯсти онҳо ба ҳалокат расиданд, парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Шуъбаи БДА-и Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе Шерафган Латифов хабар дод, ҳодисаи мазкур мутобиқи моддаи 212, қ. 2-и КҶ ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт) мавриди таҳқиқ қарор мегирад.

Ёдрас мекунем, ки субҳи рӯзи 23-юми декабр ронандаи автомашинаи тамғаи «Лендровер», хатмкардаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии Маскав, сокини 23-солаи пойтахт Назар Дериникян ҳангоми ҳаракат дар майдони Дӯстии хиёбони Рӯдакӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо суръати баланд ба бинои Почтаи марказии Душанбе (Главпочтамт) бархӯрд. Бар асари бархӯрд таркиш ба вуқӯъ пайваста, дар ҷойи ҳодиса се нафар мусофирони «Лендровер» – бародарони дугоник Амир ва Темур Пешковҳо (Ғуломовҳо)-и 24-сола ва ҳамсояву дӯсти онҳо Ориён Ҷӯраев ба ҳалокат расиданд.

Худи ронанда бо ҷароҳатҳои зиёди ҷисмонӣ ба бемористон мунтақил шуда буд. Айни замон Назар Дериникян таҳти назорати табибон қарор дошта, вазъи солимиаш вазнин арзёбӣ мегардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Меҳрубон Назарову Гурминҷ Завқибеков ва Марям Исоева то даргузашти Бозор Собир ва Рӯзи меҳнаткашон

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.