Медали тилои дзюдочии тоҷик дар мусобиқоти умумирусиягӣ

Дар мусобиқаи ХХХII-уми умумиросиягӣ оид ба дзюдо дар вазни то 100 кг паҳлавони шинохтаи тоҷик Комроншоҳи Устопириён барандаи медали тило гардид. Тавре Муродалӣ Тешаев, сухангӯи Кумитаи миллии олимпии ҶТ хабар дод, мусобиқаи мазкур дар шаҳри Новосибирскии Русия таҳти унвони «Дӯстии халқҳо» бо ширкати зиёда аз 100 варзишгари кишварҳои ҳамсоя баргузор шуд. «Комроншоҳ дар панҷ муҳорибаи […]

ASIA-Plus


Дар мусобиқаи ХХХII-уми умумиросиягӣ оид ба дзюдо дар вазни то 100 кг паҳлавони шинохтаи тоҷик Комроншоҳи Устопириён барандаи медали тило гардид.

Тавре Муродалӣ Тешаев, сухангӯи Кумитаи миллии олимпии ҶТ хабар дод, мусобиқаи мазкур дар шаҳри Новосибирскии Русия таҳти унвони «Дӯстии халқҳо» бо ширкати зиёда аз 100 варзишгари кишварҳои ҳамсоя баргузор шуд. «Комроншоҳ дар панҷ муҳорибаи хеш тавонист бо усули маъруфи иппон ҳарифонро шикаст диҳад», – гуфт вай.

Бояд тазаккур дод, ки Комроншоҳи Устопириён 19-сол дошта, соли 2012 ду маротиба барандаи Ҷоми Аврупо (ҳам миёни ҷавонон ва ҳам бузургсолон), ду маротиба барандаи медали тилои мусобиқаҳои байналмилалӣ  ва ҳамчунин барандаи медали биринҷии Чемпионати Осиё (Тайван моҳи октябр)  дар риштаи дзюдо гардидааст. 

Инчунин дар намуди самбо се маротиба унвони қаҳрамони Ҷаҳон миёни ҷавононро ба даст овардааст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.