Кӯмаки Русия ба Тоҷикистон бо маводи ғизоӣ

Дата:


Русия ба Тоҷикистон ба сифати кӯмаки башардӯстона беш аз 130 тонна нахӯд ва ҳудуди 2 ҳазор тонна орди гандуми витаминдор фиристод.

Бино ба маълумоти Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия, ба Тоҷикистон тавассути роҳи оҳан кӯмаки башардӯстонаи иборат аз 1 ҳазору 916 тонна орди гандуми витаминдор ва 135 тонна нахӯд фиристода шудааст.

Гуфта мешавад, кӯмаки мазкур дар доираи амалисозии Ёддошти тафоҳум миёни ҳукумати Русия ва Барномаи ҷаҳонии ғизои СММ барои соли 2012 расонида мешавад.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар зарфи 11 моҳи соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 72 млн. $, кӯмаки башардӯстона ворид шудааст. Аз ин миқдор ба маблағи ҳудуди 7 млн. $ беш аз 13,4 ҳазор тонна орд ворид гардидааст.

Кӯмаки мазкур ба Тоҷикистон аз ҷониби 43 кишвари дунё расонида шудааст. Миқдори зиёди кӯмак аз рӯи арзиш ба ИМА – 47,5% ва Русия – 10,7% рост меояд. 

Похожие материалы

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Поделиться:

spot_imgspot_img

Популярное