Кӯмаки Русия ба Тоҷикистон бо маводи ғизоӣ

Русия ба Тоҷикистон ба сифати кӯмаки башардӯстона беш аз 130 тонна нахӯд ва ҳудуди 2 ҳазор тонна орди гандуми витаминдор фиристод. Бино ба маълумоти Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия, ба Тоҷикистон тавассути роҳи оҳан кӯмаки башардӯстонаи иборат аз 1 ҳазору 916 тонна орди гандуми витаминдор ва 135 тонна нахӯд фиристода шудааст. Гуфта мешавад, кӯмаки мазкур дар […]

Пайрав Чоршанбиев


Русия ба Тоҷикистон ба сифати кӯмаки башардӯстона беш аз 130 тонна нахӯд ва ҳудуди 2 ҳазор тонна орди гандуми витаминдор фиристод.

Бино ба маълумоти Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия, ба Тоҷикистон тавассути роҳи оҳан кӯмаки башардӯстонаи иборат аз 1 ҳазору 916 тонна орди гандуми витаминдор ва 135 тонна нахӯд фиристода шудааст.

Гуфта мешавад, кӯмаки мазкур дар доираи амалисозии Ёддошти тафоҳум миёни ҳукумати Русия ва Барномаи ҷаҳонии ғизои СММ барои соли 2012 расонида мешавад.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар зарфи 11 моҳи соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 72 млн. $, кӯмаки башардӯстона ворид шудааст. Аз ин миқдор ба маблағи ҳудуди 7 млн. $ беш аз 13,4 ҳазор тонна орд ворид гардидааст.

Кӯмаки мазкур ба Тоҷикистон аз ҷониби 43 кишвари дунё расонида шудааст. Миқдори зиёди кӯмак аз рӯи арзиш ба ИМА – 47,5% ва Русия – 10,7% рост меояд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.