Адвокат: Прокуратураи генералӣ аз манфиатҳои мақомот ҳимоят мекунад

Шуҳрат Қудратов, адвокати кӯдаки ноболиғи дар бинои Раёсати КДАМ-и пойтахт мавриди лату кӯб қароргирифта бар ин назар аст, ки Прокуратураи генералӣ аз манфиатҳои мақомот ҳимоят карда, аз ин рӯ, ба аризаи ӯ дар бораи қонуншикании кормандони КДАМ таваҷҷуҳ зоҳир намесозад. Ба қавли адвокат, санаи 20-уми ноябри соли гузашта аз ҷониби ӯ ҳамчун ҳимоятгари ҷабрдидаи 12-сола […]

ASIA-Plus


Шуҳрат Қудратов, адвокати кӯдаки ноболиғи дар бинои Раёсати КДАМ-и пойтахт мавриди лату кӯб қароргирифта бар ин назар аст, ки Прокуратураи генералӣ аз манфиатҳои мақомот ҳимоят карда, аз ин рӯ, ба аризаи ӯ дар бораи қонуншикании кормандони КДАМ таваҷҷуҳ зоҳир намесозад.

Ба қавли адвокат, санаи 20-уми ноябри соли гузашта аз ҷониби ӯ ҳамчун ҳимоятгари ҷабрдидаи 12-сола Н.Я. ва модари ӯ нисбат ба кормандони фаврии КДАМ ҷиҳати муддати 3 рӯз дар бинои Раёсати КДАМ ғайриқонунӣ нигоҳ доштани ноболиғ ва истифодаи шиканҷаву лату кӯб нисбати ӯ ба Прокуратураи генералӣ шикоят бурда шуда буд.

«Прокуратура дар муддати 10 рӯз бояд аризаро баррасӣ мекард ё оғози парвандаи ҷиноиро рад карда, дар ин бора ба шикоятбурда хабар медод. Аммо 1,5 моҳ сипарӣ гардида, оид ба аризаи мо то ҳанӯз ҳеҷ қароре қабул нашудааст», – гуфт вай.

Қудратов мегӯяд, 20-уми декабр прокурори масъули баррасии ариза ба гирифтани баёнот аз ноболиғи ҷабрдида ва наздикони ӯ омодагӣ изҳор кардааст, вале то ҳанӯз онҳо ба прокуратура даъват нашудаанд. «Гузашта аз ин, мо муддати 4 рӯз ҳамроҳи ноболиғ ба Прокуратураи генералӣ омадем, вале прокурорро пайдо карда натавонистем», – гуфт ӯ.

Субҳи рӯзи 4-уми январ адвокат оид ба беамалӣ ва иҷрои накардани вазифаҳои худ аз ҷониби тобеъонаш ба прокурори генералӣ шикоят бурд. «Нусхаҳои шикоят ба сарвари давлат ва палатаи поёнии парлумони кишвар ирсол хоҳанд шуд», – афзуд номбурда.

Дар ҳамин ҳол, дар Прокуратураи генералӣ аз шарҳи қазияи мазкур худдорӣ карданд.

Ёдрас мекунем, ки қаблан ба идораи ОИ «Азия-Плюс» модари наврас

Инобат Яъқубова муроҷиат намуда

, изҳор кард, ки кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

писари 12-солаи ӯро

ба ҳуҷраи кориашон оварда, муддати се рӯз дар онҷо нигоҳ доштаанд ва ба хотири гирифтани гувоҳии зарурӣ нисбати гумонбарон ба ифротгароӣ, лату кӯб кардаанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Дар пайи 44 садама дар се моҳ дар Душанбе 6 пиёдагард ҷон бохтаанд

Мақомот дар Душанбе амалиёти “Пиёдагард”-ро оғоз кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 66

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон қаҳрамони CAFA-2026 шуд

Ин панҷумин қаҳрамонии Тоҷикистон дар ин мусобиқа аст.

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...