Мусодираи миқдори ниҳоят зиёди мухаддирот аз ҷониби кормандони КДАМ

Дата:


Дар ҷараёни ду амалиёти муваффақона кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ дар вилояти Суғд ҳудуди 122 кило маводи мухаддирро мусодира намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз маркази робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ хабар дод, зимни амалиёти аввал ду нафар сокинони ноҳияи Мастчоҳ бо ҳудуди 2 кило маводи мухаддири ҳашиш ва таппонча бо тирҳо боздошт шудаанд.

«Дар ҷараёни амалиёти дуюм дар шаби соли нав сокини ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дастгир шуда, аз автомашинаи «КАМАЗ»-и ӯ 70 кило маводи нашъаовари ҳашиш ва 50 кило афюн дарёфт ва мусодира гардид», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки соли 2012 аз ҷониби кормандони КДАМ беш аз 3 тонна маводи нашъаовар мусодира гардид, ки ҳудуди 200 килояшро героин ташкил медиҳад.

Похожие материалы

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Поделиться:

spot_imgspot_img

Популярное