Мусодираи миқдори ниҳоят зиёди мухаддирот аз ҷониби кормандони КДАМ

Дар ҷараёни ду амалиёти муваффақона кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ дар вилояти Суғд ҳудуди 122 кило маводи мухаддирро мусодира намуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз маркази робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ хабар дод, зимни амалиёти аввал ду нафар сокинони ноҳияи Мастчоҳ бо ҳудуди 2 кило маводи мухаддири ҳашиш ва таппонча бо […]

Аваз Юлдошев


Дар ҷараёни ду амалиёти муваффақона кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ дар вилояти Суғд ҳудуди 122 кило маводи мухаддирро мусодира намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз маркази робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ хабар дод, зимни амалиёти аввал ду нафар сокинони ноҳияи Мастчоҳ бо ҳудуди 2 кило маводи мухаддири ҳашиш ва таппонча бо тирҳо боздошт шудаанд.

«Дар ҷараёни амалиёти дуюм дар шаби соли нав сокини ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дастгир шуда, аз автомашинаи «КАМАЗ»-и ӯ 70 кило маводи нашъаовари ҳашиш ва 50 кило афюн дарёфт ва мусодира гардид», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки соли 2012 аз ҷониби кормандони КДАМ беш аз 3 тонна маводи нашъаовар мусодира гардид, ки ҳудуди 200 килояшро героин ташкил медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.