Буридани чинорҳои кӯҳансол дар яке аз кӯчаҳои Душанбе

Бинобар сабаби васеъ кардани роҳ аз меҳмонхонаи пойтахт то майдони Ғалаба, дар кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе чинорҳои кӯҳансол бартараф карда мешаванд. Кӯчаи маъруф бо дарахтони сояафкан симои худро дигаргун сохта, чинорҳои кӯҳансол аз ҷониби кормандони идораи истифодаи роҳҳо ва техникаи махсус бурида мешаванд. Бо қарори мақомоти шаҳрдорӣ, дарахтони бурида ба ихтиёри раёсатҳои маорифу тандурустӣ ва […]

Игор Лекаркин


Бинобар сабаби васеъ кардани роҳ аз меҳмонхонаи пойтахт то майдони Ғалаба, дар кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе чинорҳои кӯҳансол бартараф карда мешаванд.

Кӯчаи маъруф бо дарахтони сояафкан симои худро дигаргун сохта, чинорҳои кӯҳансол аз ҷониби кормандони идораи истифодаи роҳҳо ва техникаи махсус бурида мешаванд. Бо қарори мақомоти шаҳрдорӣ, дарахтони бурида ба ихтиёри раёсатҳои маорифу тандурустӣ ва мақомоти ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт супурда мешаванд.

Роҳгузарон дарахтбуриро наззора дошта, кӯдакон ҳезуммайда ва шохчаву химчаҳои онро гирд меоваранд. Ба иллати бастани ин қитъаи роҳ ҳаракати нақлиёт дар кӯчаи Айнӣ аз комбинати текстил то Театри опера ва балет мушкил шудааст.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи декабр бо сабаби оғози корҳои таъмиру таҷдид қисмати роҳи мошингард аз меҳмонхонаи «Пойтахт» то майдони Ғалаба баста шуд. Аз кушода шудани ин қисмати танҳо ахири моҳи августи соли равон интизорӣ меравад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.