М.Неъматов: Дар шароити на он қадр мусоид ҳам метавон муваффақ шуд

spot_imgspot_img

Дата:


Имрӯз аз фаъолияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ дар соли 2012 натиҷагирӣ шуд.

Ба гуфтаи раиси Кумита Маликшо Неъматов, соли гузашта аз 51 чорабинии нақшавӣ 19-тоаш доир гардида, 31-тои дигараш дар ҳоли амалишавианд ва танҳо як чорабинӣ анҷом дода нашудааст.

Раиси Кумита изҳор кард, ки дастовардҳои варзишгароне чун Мавзуна Чориева, Расул Боқиев, Дилшод Назаров ва Юсуф Абдусаломов гувоҳи онанд, ки дар шароити на он қадр мусоид ҳам метавон ба комёбии назаррас ноил гардид.

«Ба гунаи мисол, дар кишварҳои хориҷӣ барои омодагии як варзишгар солона 250 ҳазор евро маблағ ҷудо мекунанд, вале мутаассифона, кумита аз буҷаи давлатӣ барои ҷудо кардани ҳамагӣ то 50 ҳазор доллари ИМА дар ин самт қодир асту халос, вале сарфи назар аз ин, ҷавонони мо ба дастовардҳо моиланд, ки қобили таҳсину дастгирист», – гуфт вай.

Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта варзишгарони тоҷик аз 77 мусобиқоти байнулмилалӣ 406 медал, аз ҷумла 106 медали тило, 117 медали нуқра ва 183 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар робита ба фаъолияти бахши сайёҳӣ раиси кумита иброз дошт, ки соли гузашта 344 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ бо мақсади саёҳат аз Тоҷикистон боздид намудаанд, ки нисбат ба соли пешин 62 ҳазор нафар зиёдтар аст.

Ба қавли М.Неъматов, дар масъалаи кор бо ҷавонон кумита дар як қатор самтҳо фаъолият дорад. «Мо ярмаракаҳои ҷойҳои кории холӣ ва дигар чорабиниҳои маърифатӣ доир мекунем ва соли гузашта дар ин ярмаркаҳо 950 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, бо мусоидати кумита 363 нафар ба муҳоҷирати корӣ ба Русия сафарбар шуданд», – изҳор кард раиси Кумита.

Дар ин самт Маликшо Неъматов аз афзоиши сатҳи ҷинояткорӣ миёни ноболиғон изҳори нигаронӣ намуда, зикр кард, ки баҳри ҷалби ноболиғону ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим ва машғул шудан ба варзиш, дар саросари кишвар  78 адад марказҳои иттилоотӣ ба фаъолият хоҳанд пардохт. 

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...