Табодули барқияҳои табрикотӣ миёни сарони кишварҳои Тоҷикистону Қазоқистон

Дар робита ба 20-умин солгарди роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон сарони ин кишварҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Нурсултон Назарбоев ба ҳамдигар барқияҳои табрикотӣ ирсол намуданд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлати Тоҷикистон, дар барқияи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки «тайи марҳилаи баъд аз ин рӯйдоди барои мо муҳим равобити дӯстона ва ҳамкории мутақобилан […]

ASIA-Plus


Дар робита ба 20-умин солгарди роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон сарони ин кишварҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Нурсултон Назарбоев ба ҳамдигар барқияҳои табрикотӣ ирсол намуданд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлати Тоҷикистон, дар барқияи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки «тайи марҳилаи баъд аз ин рӯйдоди барои мо муҳим равобити дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманди байни Тоҷикистону Қазоқистон босуръат рушд ёфта, чӣ дар доираи ҳамкориҳои дутарафа ва чӣ хаматарафа пайваста рӯ ба афзоиш ниҳодаанд».

«Имрӯз онҳо амалан тамоми соҳаҳои ҳаётро фаро гирифтаанд, ки дар онхо манфиатҳои давлатҳои мо ба ҳам мувофиқ омадаанд ва чун омили нигаҳдории суботи минтақавӣ маҳсуб меёбанд. Мо сатҳи баланди равобити муосири ташаккулёфтаи Тоҷикистону Қазоқистонро қадр менамоем ва ба такмили ҷанбаҳои мухталифи онҳо бо муҳтавои нав бо назардошти орзуву умеди мардумонамон ва тибқи талаботи замон ҳавасманд ҳастем», – таъкид мегардад дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон.

Дар барқияи табрикотии президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев қайд мешавад, ки «аз лаҳзаҳои ба даст овардани истиқлолият Қазоқистон ва Тоҷикистон муносибатҳои дӯстӣ ва бародариро, ки анъанаҳои бисёрасраи таърихию фарҳангӣ доранд, мунтазам густариш медиҳанд».

«Мутмаинам, кӯшишҳои якҷояе, ки ба густариши минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба равона шудаанд, ба азнавсозии босамари Қазоқистон ва Тоҷикистон, тақвияти мавқеи байналмилалии онҳо, баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандони ҳарду кишвар мусоидат хоҳанд кард», – изҳор кардааст Н.Назарбоев дар барқия.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.