Баррасии Созишномаи узвияти Тоҷикистон ба СҶТ дар парлумон

Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ таҳти сарварии раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров масъалаи пешниҳоди тасдиқи Созишнома «Дар бораи узвияти Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат» ба баррасии ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми МН МО ҶТ даъвати чорум матраҳ гардид. Созишномаи мазкур аввали моҳи декабр дар шаҳри Женева ба имзо расид. Тавре […]

Аваз Юлдошев


Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ таҳти сарварии раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров масъалаи пешниҳоди тасдиқи Созишнома «Дар бораи узвияти Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат» ба баррасии ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми МН МО ҶТ даъвати чорум матраҳ гардид. Созишномаи мазкур аввали моҳи декабр дар шаҳри Женева ба имзо расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии МН МО ҶТ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар ҷаласаи Шӯрои парлумон ҳамчунин масъалаи ворид намудани тағйироту илова ба қонунҳои ҶТ «Дар бораи милитсия», «Дар бораи боҷҳои давлатӣ», «Дар бораи ипотека» ва дигар асноди меъёриву ҳуқуқӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

«Тамоми масоили аз ҷониби Шӯрои парлумон баррасишуда ба муҳокимаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми МН МО ҶТ даъвати чорум, ки рӯзи чоршанбе, 9-уми январ баргузор мегардад, пешниҳод шуданд», – гуфт номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.