Хизматрасонии ФБД ба беш аз 1 млн. нафар мусофирон

Соли гузашта Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) ба беш аз 1 млн. нафар мусофирон хизматрасонӣ пешниҳод намуд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ФБД, ахири ҳафтаи гузашта дар ҷаласаи ҷамъбасти соли 2012-и ФБД зикр гардид, ки соли 2012 ба 696,804 нафар мусофири рафта (дар соли 2011 – 588,767 нафар, яъне нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 – […]

ASIA-Plus


Соли гузашта Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) ба беш аз 1 млн. нафар мусофирон хизматрасонӣ пешниҳод намуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ФБД, ахири ҳафтаи гузашта дар ҷаласаи ҷамъбасти соли 2012-и ФБД зикр гардид, ки соли 2012 ба 696,804 нафар мусофири рафта (дар соли 2011 – 588,767 нафар, яъне нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 – ум  15,5% бештар) ва 604,648 мусофири омада (дар соли 2011 – 537,842 мусофир, яъне  нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 – ум 11,1% бештар)  хизмат расонида шуд.

Ба иттилои манбаъ, соли гузашта ҳаҷми умумии ҳамлу нақли бор аз ҷониби анбори тиҷоратии фурудгоҳ 1582 тонннаву 606 килоро ташкил додааст. Дар соли 2012 фурудгоҳи Душанбе бо 24 ширкатҳои ҳавопаймоии дохилӣ ва хориҷӣ фаъолият кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.