Корхонаи хурди заргарӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа

Ахири моҳи декабр дар шаҳри Қӯрғонтеппа як корхонаи хурди заргарии ҶДММ «Майрамбибӣ» ба истифода дода шуд, ки дар он маҳсулоти заргарӣ аз нуқра бо анъанаҳои халқии тоҷикӣ истеҳсол карда мешавад. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, айни замон дар корхонаи заргарӣ 10 нафар коргар фаъолият дошта, тибқи нақша дар оянда то […]

ASIA-Plus


Ахири моҳи декабр дар шаҳри Қӯрғонтеппа як корхонаи хурди заргарии ҶДММ «Майрамбибӣ» ба истифода дода шуд, ки дар он маҳсулоти заргарӣ аз нуқра бо анъанаҳои халқии тоҷикӣ истеҳсол карда мешавад.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, айни замон дар корхонаи заргарӣ 10 нафар коргар фаъолият дошта, тибқи нақша дар оянда то 40 нафар ҷойҳои нави корӣ ташкил карда хоҳад шуд.

Тибқи иттилои вазорати мазкур, соли гузашта дар ҷумҳурӣ 237 корхона ва коргоҳҳои нав таъсис дода шуданд, ки дар онҳо беш аз 5 ҳазору 300 нафар бо ҷойҳои корӣ таъмин гардиданд. Дар ин давра дар вилояти Хатлон 67 корхона ва 42 коргоҳ таъсис дода шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.