Оғози фаъолияти радиои нав дар шаҳри Исфара

Дар шаҳри Исфара пахши барномаҳои шабакаи радиои нави мустақили иттилоотиву фароғатии «Радиои Исфара» оғоз гардид. Пахши барномаҳои радио дар мавҷи 105,2 FM танҳо барои сокинони шаҳри Исфара ва ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон пешкаш мегардад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шабакаи радиои нав Саҳбон Қурбонов хабар дод, ба кор дар радио рӯзноманигорони маҳаллӣ аз ҳисоби кормандони […]

Маҳпора Киромова


Дар шаҳри Исфара пахши барномаҳои шабакаи радиои нави мустақили иттилоотиву фароғатии «Радиои Исфара» оғоз гардид. Пахши барномаҳои радио дар мавҷи 105,2 FM танҳо барои сокинони шаҳри Исфара ва ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон пешкаш мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шабакаи радиои нав Саҳбон Қурбонов хабар дод, ба кор дар радио рӯзноманигорони маҳаллӣ аз ҳисоби кормандони шабакаи телевизионии «ТВ Исфара» ҷалб карда шудаанд.

«Радио муддати 16 соат дар як шабонарӯз фаъолият намуда, барномаҳои он аз хабарҳо дар бораи рӯйдодҳои дохиливу хориҷӣ ва барномаҳои фароғативу маърифатӣ иборатанд, ки сокинони шаҳр ҳам бевосита метавонанд дар он иштирок намоянд», – гуфт ӯ.

Номбурда афзуд, шабакаи радиои нав бо дастгирии Кумитаи телевизиону радиои назди ҳукумати ҶТ таъсис дода шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.