Соли навро Искандари Фирӯз бо аҳли оилааш пешвоз гирифт

spot_imgspot_img

Дата:


Дар арафаи таҷлили Соли нави мелодӣ журналисти аз садама осебдидаи хабаргузории бахши форси Би-Би-Сӣ Искандари Фирӯз аз бемористон ба хонааш рухсатӣ шуда, соли Навро бо аҳли оилааш пешвоз гирифт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Марвориди Фирӯз, хоҳари журналист хабар дод, дар остонаи таҷлили ҷашни Соли нав ӯро наздиконаш аз бемористон ба манзилаш оварда, чокҳо баъди ҷарроҳиро табибон дар хонааш берун овардаанд.

Ба қавли ӯ, Искандари Фирӯз ҳоло ба эҳёи дарозмуддати сиҳатиаш ниёз дорад. «Табибон мунтазам ба манзили ӯ омада, аз ҳолаш хабар мегиранд ва мо умедворем, ки бародарам дигар ҷарроҳӣ намешавад», – гуфт номбурда.

Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи 9-уми октябр ҳангоми ҳаракат дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота-Ландкурузер» Нусратулло Шарифов аз  уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Тойота-Камри» таҳти идораи писари журналисти хабаргузории Би-Би-Сӣ Искандари Фирӯз, ҳамсоли худ Ҷавоншери Фирӯз бармехӯрад. Бар асари ин бархӯрд ду мусофири автомашинаи «Тойота-Ландкрузер», ронандаи автомашинаи «Тойота-Камри» ва мусофири он – журналисти 46-солаи хадамоти форсии хабаргузории ВВС Искандари Фирӯз ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шуданд. Ҷавоншери Фирӯз, писари журналист, пас аз ду ҳафтаи муолиҷа аз бемористон рухсатӣ шуд.

Гунаҳкори садамаи нақлиёт Нусратулло Шарифов, ки аз он рӯзноманигори хабаргузории Би-Би-Сӣ Искандари Фирӯз ҷароҳати вазнин бардошт, ба муддати 3,3 сол маҳкум шуд. Муҳлати ҷазоро ӯ дар муассисаи ислоҳии сукунат адо хоҳад кард. Насрулло Шарифов дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 212, қ. 2-и КҶ ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракатӣ роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт) гунаҳкор дониста шуд.

Ғайр аз ин, тибқи ҳалномаи суди ноҳияи Синои пойтахт, Н.Шарифови 33-сола ба муддати 3 сол аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум гардид.

Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» ҳимоятгари ҷониби ҷабрдида Наталя Шарифова изҳор кард, ки онҳо аз ҳукми суд қаноатманд буда, вале ҷуброни хисороти маънавиро тақозо хоҳанд кард, зеро Искандари Фирӯз то ҳол дар дармонгоҳ қарор дошта, ӯро боз як ҷарроҳии дигар интизор аст.

«Барои муолиҷаи журналист, ки ҷароҳатҳои ҷиддӣ бардошт, маблағи зиёд масраф гардида, ҳаҷми маблағи умумии даъво тақрибан ҳудуди 100 ҳазор сомониро ташкил хоҳад дод», – гуфт ҳимоятгар.   

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...