Озодии иншооти нотамоми ширкати «Мовароуннаҳр» аз «ҳоли ҳабс»

Date:


Беш аз 500 мизоҷи ширкати сохтмонии «Мовароуннаҳр» дубора ба соҳиби манзил шудан умедворӣ пайдо карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» иҷрокунандаи вазифаи мудири кулли ҶДММ «Мовароуннаҳр» Тӯрабек Охунов хабар дод, мувофиқи қарори чанде қабл содиршудаи Суди олии ҶТ, амволи ғайриманқули ширкат дар шакли иншооти сохтмонаш ниматамом аз «ҳоли ҳабс» озод гардида, сохтмонаш ба итмом мерасад.

Ба қавли номбурда, иншооти сохтмонаш ниматамоми ширкат аз 8 бинои баландошёна дар микрорайонҳои 82, 33 ва маҳаллаи Гипроземи пойтахт иборат аст.

«Амволи ғайриманқул муддати 2 солу 3 моҳ дар «ҳоли ҳабс» қарор дошт ва корҳои сохтмонӣ дар он қатъ шуда, пас аз

маҳкум шудани роҳбари ширкат Ҷӯрабек Охунов бо мусодираи амвол

, мизоҷони ширкат борҳо ҷиҳати манъи фурӯши ин иншоот ба Суди олӣ ва Прокуратураи генералӣ муроҷиат намуданд», – гуфт Т.Охунов.

Раиси ширкат Ҷӯрабек Охунов дар содир намудани ҷиноят мутобиқи ҳамаи моддаҳои пешниҳодшуда – ба қаллобӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд, фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ, расонидани зарар ба амвол тавассути фиреб ё суистеъмол аз боварӣ ва камомад гунаҳкор дониста шуд. Бо назардошти қонуни афв, аз муҳлати ҷазои ӯ 7 сол боқӣ мондааст.

Ширкати «Мовароуннаҳр» аз соли 2005 ба сохтмони ипотекии манзили зист машғул аст, аммо аз аҳолӣ қисман ё пурра маблағи сохтмони манзили зистро ҷамъоварӣ намуда, на ҳамаро бо манзили зисти ваъдагӣ таъмин кардааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...