Раиси Шӯрои адлия: Судяҳои Тоҷикистон беҳад серкоранд

Date:


Раиси Шӯрои адлияи ҷумҳурӣ Зафар Азизов зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки дар Тоҷикистон 441 нафар судяҳо фаъолият дошта, ҳар кадоме аз онҳо давоми сол аз 500 то 800 парвандаи ҷиноӣ баррасӣ мекунад.

Ба гуфтаи ӯ, дар ноҳияҳои дурдаст судяҳо он қадр серкор набуда, солона 100-200 парванда барррасӣ мекунанд, вале дар судҳои ноҳияи Фирдавсии пойтахт ва ноҳияи Рӯдакӣ ин нишондиҳанда барои як судя 750 парвандаро ташкил медиҳад. «Аввали моҳи январ дар маҷмӯъ аз фаъолияти судяҳо натиҷагирӣ шуда, маълум гардид, ки аз ҷониби як судя 2 ҳазору 700 парвандаҳои гуногун баррасӣ шудааст», – гуфт З.Азизов.

Ба андешаи раиси Шӯрои адлия, барои беҳбуди фаъолияти судҳо афзоиши шумори судяҳо ва кормандони дастгоҳи онҳо зарур буда, соли гузашта бо фармони президент 17 судяи нав ва 52 нафар кормандони нави дастгоҳи судҳо таъин карда шуданд.

Дар робита ба иштибоҳоти судяҳо номбурда гуфт, он тамоили поинравиро касб намуда, соли 2010 – 861, соли 2011 – 748 ва соли 2012 – 616  ҳолатҳои бекор кардани қарорҳои судҳо ба қайд гирифта шудаанд.

Бино ба маълумоти Шӯрои адлияи ҷумҳурӣ, соли гузашта 8 нафар судяҳо аризаи бо хоҳиши худ ба истеъфо рафтанро навишта, 12 нафар судяҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шудаанд. Ҳолатҳои ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани судяҳо ба қайд гирифта нашудааст. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...