Ноиби президенти КБМ дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ноиби президенти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ Димитрис Ситсирагосро ба ҳузур пазируфт. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкорӣ бо ин муассисаи бонуфузи ҷаҳонӣ ва дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ шуд. Аз афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар соли 2012, ки ба 7,5 фоиз расид ва таваррум, ки […]

ASIA-Plus


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ноиби президенти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ Димитрис Ситсирагосро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкорӣ бо ин муассисаи бонуфузи ҷаҳонӣ ва дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Аз афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар соли 2012, ки ба 7,5 фоиз расид ва таваррум, ки дар сатҳи 6.8 фоиз қарор гирифт, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ба фаъолияти Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ дар Тоҷикистон баҳои баланд дода шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки танҳо дар се соли охир аз ҷониби ин муассиса беш аз 42 миллион доллари америкоӣ маблағ барои татбиқи лоиҳаҳои муҳими сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисод ва рушди низоми идорӣ ҷудо гардидааст.

Ҳамзамон густариши минбаъдаи ҳамкорӣ барои дастгирии соҳибкории хурду миёна, коркарди пурраи ашёи хоми маҳаллӣ, таъмини амнияти энергетикию озуқаворӣ, рушди инфрасохтор ва мусоидат ба сохторҳои молиявию ҳуқуқӣ барои беҳсозии пайвастаи фазои сармоягузорӣ зарур шумурда шуд.

Таъкид шуд, ки аз ҷониби Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши тиҷорати кишоварзӣ як қатор лоиҳаҳо дар марҳилаи амалишавӣ қарор дошта самтҳои асосии раванди ҳамкориҳо ба таъмини амнияти озӯқаворӣ ва истиқлолияти энергетикӣ, таъмини ҷойҳои нави корӣ ва азхудкунии захираҳои канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон нигаронида шудаанд.

Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳи ду ҷониб сурат гирифт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.