Пардохти маблағи ҷарроҳии кӯдакон аз ҷониби ғолиби «Муҳорибаи экстрасенсҳо»


Ғолиби «Муҳорибаи экстрасенсҳо», сокини шаҳри Қайроққум Турсуной Зокирова маблағи чор ҷарроҳии дил барои кӯдакон аз оилаҳои камбизоатро пардохт намуд.

Сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Далил Тошматов ба журналистон дар ин робита иттилоъ дод, ки маблағи ҳар кадоме аз ин чор ҷарроҳӣ 4 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. «Ҷарроҳиҳо дар Маркази кардиохирургии вилоят гузаронида шуда, шурӯъ аз оғози фаъолияти марказ дар моҳи январи соли 20111 то имрӯз дар инҷо 315 ҷарроҳиҳои дил анҷом дода шуданд», – гуфт вай.

Ӯ хотиррасон намуд, ки роҳбарии марказро номзади улуми тиббӣ Ҳотам Маҳмудов бар дӯш дошта, доктори улуми тиббӣ Обид Деҳқонов мудири яке аз шуъбаҳои он аст. Обид Деҳқонов муддати 17 сол ба сифати мудири шуъбаи бемориҳои дили Пажуҳишгоҳи ба номи Бакулеви шаҳри Маскав ифои вазифа намудааст.

spot_imgspot_img

Популярное