Вазорати фарҳанг: Беш аз 140 нафар нафақахӯрон аллакай аз мансаб барканор шуданд

Бино ба маълумоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, айни замон дар низоми вазорат ҳудуди 500 нафар кормандони синнусоли нафақа машғули кор буда, аз ин шумор аз шурӯъ аз ахири моҳи декабри соли гузашта то имрӯз 141 нафарашон аллакай аз мансаб сабукдӯш карда шудаанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати мазкур иттилоъ доданд, ба сафи нафақахӯрони аз мансаб […]

Маҳпора Киромова


Бино ба маълумоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, айни замон дар низоми вазорат ҳудуди 500 нафар кормандони синнусоли нафақа машғули кор буда, аз ин шумор аз шурӯъ аз ахири моҳи декабри соли гузашта то имрӯз 141 нафарашон аллакай аз мансаб сабукдӯш карда шудаанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати мазкур иттилоъ доданд, ба сафи нафақахӯрони аз мансаб сабукдӯшшуда танҳо кормандони низоми техникии вазорат шомиланд. «Дар робита ба ғайриимкон будани ивази кормандони эҷодии синнусоли нафақа мо ба Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат дар ин хусус нома фиристода, тавзеҳ додем, ки дар сурати аз кор озод кардани онҳо, ба фаъолияти театру дигар муассисаҳои фарҳангӣ метавонад халали ҷиддӣ ворид гардад, вале то ҳанӯз ба ин нома посух нагирифтаем», – гуфтанд дар вазорат.

Ба иттилои манбаъ, ба ҳар ҳол, дар мақомоти раҳбарии сатҳи факулта ва кафедраҳои Донишкадаи ҳунар тағйироти кадрӣ ба вуқӯъ хоҳад пайваст. «Ин роҳбарон фаъолияти худро ба сифати омӯзгорони қаторӣ идома хоҳанд дод, то ки ҷараёни таълим бомаром сурат бигирад», – гуфт сарчашмаи хабар.

Зимнан зикр гардид, ки дар вазорат ба иҷрои супориш муваззафанд ва минбаъд кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод, ки дар бархӯрд бо ин масъала ба тарзи инфиродӣ ба ҳар як нафар муносибат намоянд.

Дар ҳамин ҳол, зимни нишасти хабарии ҷамъбасти соли 2012 вазири маорифи Тоҷикистон Нуриддин Саидов дар робита ба супориши Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат бобати қатъи қарордод бо нафақахӯрон изҳор намуд, ки сарфи назар аз синнусол, кормандони бахши маориф

аз вазифаҳояшон барканор карда намешаванд.

Дар навбати худ, муовини сардори Раёсати хизмати давлатии назди президенти ҶТ Грез Қосимов изҳор намуд, ки мақомоти раҳбарии сохторҳои давлатӣ ба барканории нафақахӯрон аз мансаб

бидуни мувофиқа бо онҳо ҳуқуқ доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.