Масъулияти се мансабдор оид ба қазияи марги маҳбус Ҳ.Икромзода

Зимни нишасти хабарӣ дар робита ба қазияи марги маҳбус Ҳамза Икромзода прокурори генералии Тоҷикистон Шерхон Салимзода иттилоъ дод, ки аз рӯи ин далел се нафар шахсони мансабдор ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб карда шудаанд, вале ифшои ному насаби онҳо аз ҷониби прокурор рад карда шуд. «Тафтиши парвандаи ҷиноӣ, ки аз рӯи ду моддаи қонунгузории ҷиноӣ – […]

Наргис Ҳамробоева


Зимни нишасти хабарӣ дар робита ба қазияи марги маҳбус Ҳамза Икромзода прокурори генералии Тоҷикистон Шерхон Салимзода иттилоъ дод, ки аз рӯи ин далел се нафар шахсони мансабдор ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб карда шудаанд, вале ифшои ному насаби онҳо аз ҷониби прокурор рад карда шуд.

«Тафтиши парвандаи ҷиноӣ, ки аз рӯи ду моддаи қонунгузории ҷиноӣ – хунукназарӣ ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ боз шудааст, идома дорад», – гуфт прокурори генералӣ.

Ба қавли вай, соли гузашта тибқи ҳодисаҳои истифодаи шиканҷа нисбат ба 10 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 9 адад парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст. «Дар давраи сипаришуда ба мақомоти прокуратура оид ба истифодаи шиканҷа 22 арзу шикоят ворид гардида, дар ин мавридҳо асосан аз кормандони милиса шикоят бурда мешавад», – иброз дошт Ш.Салимзода.

Прокурори генералӣ зикр кард, ки истифодаи шиканҷа дар ҷумҳурӣ яке аз масоили доғи рӯз буда, мақомоти олии раҳбарии кишвар онро маҳкум мекунад. «Дар суханрониҳои расмӣ ва ғайрирасмии худ сарвари давлат борҳо ба ин масъала рӯ овард», – изҳор намуд ӯ.

Маҳкумшуда Ҳамза Икромзода рӯзи 20-уми сентябри соли равон дар муассисаи ислоҳии №1-и шаҳри Душанбе ба ҳалокат расид. Наздикони ӯ мегӯянд, дар ҷисми ӯ осори возеҳи лату кӯб ва истифодаи шиканҷа аён буданд.

Тибқи фарзияи расмӣ, Ҳ.Икромзода дар ҳуҷраи зиндон ба дор овехташуда дарёфт гардида, кормандони муассиса кӯшиш кардаанд, ки ба ӯ ёрии тиббӣ расонанд, вале аллакай дер шуда буд.

Ёдрас мекунем, ки натиҷаи ташхиси ҷароҳатҳо дар ҷисми маҳкумшуда Ҳамза Икромзода, ки аз ҷониби Маркази тибби судии назди Вазорати тандурустии ҶТ гузаронида шуданд, далели истифодаи шиканҷа нисбати ӯро собит насохтанд. Коршиносон ба хулоса расиданд, ки маҳкумшуда бар асари худро ба дор овехтан фавтидааст. Наздикони Ҳ.Икромзода бо натиҷаи ташхиси мазкур қаноатманд нестанд.

Волидайни маҳбус Ҳамза Икромзода аз Прокуратураи генералӣ тафтиши дақиқи ҳодисаи мазкурро талаб доранд. Онҳо рӯзи 3-юми январ дар ин бора

ба Прокуратураи генералӣ муроҷиат карданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.