Ҳуқуқшиносон механизмҳои мубориза бо шиканҷаро меомӯзанд

Имрӯз дар Душанбе барои ҳуқуқшиносону ҳимоятгарони созмонҳои ҷамъиятӣ семинари серӯза ба кор шурӯъ намуд, ки дар он масъалаҳои механизмҳои байнулмилалӣ ва миллии озодӣ аз шиканҷа мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ҳамоҳангсози лоиҳаи «Мубориза бо шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон» Сергей Романов хабар дод, чорабинии омӯзиши баҳри саҳм гузоштан ба мубориза зидди шиканҷа […]

Маҳпора Киромова


Имрӯз дар Душанбе барои ҳуқуқшиносону ҳимоятгарони созмонҳои ҷамъиятӣ семинари серӯза ба кор шурӯъ намуд, ки дар он масъалаҳои механизмҳои байнулмилалӣ ва миллии озодӣ аз шиканҷа мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ҳамоҳангсози лоиҳаи «Мубориза бо шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон» Сергей Романов хабар дод, чорабинии омӯзиши баҳри саҳм гузоштан ба мубориза зидди шиканҷа ва кирдори бераҳмона дар Тоҷикистон тавассути беҳбуди имконоти ҳуқуқшиносону ҳимоятгарон, ҳифзи ҳуқуқи ҷабрдидагон аз шиканҷа ва пешбурди меъёрҳои озодӣ аз шиканҷа дар қонунгузорӣ ва амалияи ҳуқуқӣ созмон дода шудааст.

Ба қавли вай, дар семинар ба сифати мураббӣ директори Фонди ҷамъиятии «Нотабене» Нигина Баҳриева иштирок хоҳад кард. «Дар доираи семинар ба иштирокдорон асноди байнулмилалии ҳифзи ҷабрдидагон аз шиканҷа, тарзи фаъолияти тартиботи махсуси Шӯро оид ба ҳуқуқи инсон, фиристодани шикоят ба Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон ва пешниҳоди гузориши қонунгузории миллӣ дар бахши пешгирии шиканҷа пешниҳод хоҳанд шуд», – гуфт Романов.

Номбурда ҳамчунин изҳор намуд, ки дар анҷоми кори семинар баррасии масъалаи тақвияти ҳамкориҳо миёни ҳимоятгарону ташкилотҳои ҷамъиятӣ оид ба масоили марбут ба пешгирии шиканҷа дар назар аст.

Семинар аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон» дар доираи лоиҳаи «Мубориза зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон» бо дастгирии Институти «Ҷамъияти кушода» – Фонди мусоидат дар Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.