Прокурори генералӣ: «Димон» қонунӣ истирдод шуд

Прокурори генералии Тоҷикистон Шерхон Салимзода зимни нишасти хабарӣ ба журналистон иттилоъ дод, ки истирдоди Давлатбек Давлатбеков (Димон Ашӯров) аз Чин ба Тоҷикистон бар асоси Созишнома миёни кишварҳо дар ин хусус сурат гирифтааст. «Ашӯров ба гумони даст доштан дар қаллобӣ боздошт шуда , вале пас аз худро аз ошёнаи сеюми Раёсати ВКД ба замин афкандану ҷароҳат […]

Наргис Ҳамробоева


Прокурори генералии Тоҷикистон Шерхон Салимзода зимни нишасти хабарӣ ба журналистон иттилоъ дод, ки истирдоди Давлатбек Давлатбеков (Димон Ашӯров) аз Чин ба Тоҷикистон бар асоси Созишнома миёни кишварҳо дар ин хусус сурат гирифтааст.

«Ашӯров ба гумони даст доштан

дар қаллобӣ боздошт шуда

, вале пас аз худро аз ошёнаи сеюми Раёсати ВКД ба замин афкандану ҷароҳат бардоштан, аз беморхонаи шаҳри Хоруғ ба Чин фирор намуд», – гуфт ӯ.

Дар робита ба қазияи раиси бахши ҲНИТ дар Хоруғ Шерик Карамхудоев прокурори генералӣ изҳор кард, ки тафтиши парвандаи ӯ идома дорад. «Ҳангоми боздошт дар рӯйдодҳои маълуми Хоруғ ӯ бо худ автомати Калашников, норинҷак ва ду тирдон дошт. Тибқи баёноташ, ӯ аслиҳаро аз бародари Имомназар Имомназаров барои муқовиамат бо нерӯҳои ҳукуматӣ гирифтааст», – таъкид дошт Ш.Салимзода.

Дар посух ба саволи журналистон оид ба изҳороти ахири пешвои ҳаракати «Ватандор» Додоҷон Атовуллоев бобати омодагӣ ба анҷоми сӯиқасд ба ҷонӣ ӯ, прокурори генералӣ иброз дошт, ки бори нахуст дар ин бора мешунавад ва итминон дод, ки изҳороти номбурда ҳеҷ асосе надорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Шикоят аз шиканҷа, фавт дар зиндон ва савдои одамон. Намояндагони мақомоти Тоҷикистон дар нишасти Женева чӣ гуфтанд?

Давоми солҳои 2018-2025 дар Тоҷикистон 105 муроҷиат аз шиканҷа сабт шуда, 14 парвандаи ҷиноӣ боз ва нисбати 13 нафар то 21 сол ҷазои зиндон...

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.