Баррасии масъалаи таҷдиди фурудгоҳи пойтахт дар ВКХ

Чанде қабл мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо сафири Фаронса дар Тоҷикистон Дидие Леруа доир гашт. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар мулоқот доираи васеи масоили ҳамкориҳо байни Тоҷикистону Фаронса, аз ҷумла, азнавсозии фурудгоҳи шаҳри Душанбе, ҷалби сармояи Фаронса ба иқтисодиёти Тоҷикистон, робитаҳо дар соҳаи илму маориф, нақлиёт ва воридшавии Тоҷикистон […]

ASIA-Plus


Чанде қабл мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо сафири Фаронса дар Тоҷикистон Дидие Леруа доир гашт.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар мулоқот доираи васеи масоили ҳамкориҳо байни Тоҷикистону Фаронса, аз ҷумла, азнавсозии фурудгоҳи шаҳри Душанбе, ҷалби сармояи Фаронса ба иқтисодиёти Тоҷикистон, робитаҳо дар соҳаи илму маориф, нақлиёт ва воридшавии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо баррасӣ гардиданд.

Ба иттилои манбаъ, ҳарду ҷониб ҳавасмандии устувори худро ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ таъкид намуданд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи апрели соли 2009 миёни Тоҷикистону Фаронса оид ба сохтмони терминали нав дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Созишномаи байниҳукуматӣ ба имзо расид. Авввали соли 2010 корҳои сохтмони терминал аз ҷониби собиқ паймонкорони лоиҳа – ширкатҳои фаронсавии Alpha airport ва Sofema Group боздошта шуд.

Он замон муовини директори генералии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Азиз Иброҳимов дар ҷамъи рӯзноманигорон дар ин робита изҳор дошта буд, ки «сабаби мутаваққиф сохтани сохтмони терминали нав номутобиқатии меъёрҳои сохтмонии ҷонибҳо мебошад».

Тибқи баъзе маълумот, он замон ширкатҳои фаронсавӣ ҷиҳати барқарор кардани корҳои сохтмонӣ маблағгузории иловагӣ талаб карда будаанд.

Моҳи октябри соли гузашта палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Протоколи молиявӣ миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Фаронса оид ба лоиҳаи сохтмони терминали нави ФБД аз 1-уми майи соли 2009 ва Созишномаи иловагӣ ба протоколи мазкур аз 29-уми июни соли 2012-ро тасдиқ кард.

Тибқи созишномаи иловагӣ, ҳиссаи Тоҷикистон дар сохтмони терминали нав аз 7 млн. то 19 млн. евро меафзояд. Ҳиссаи Фаронса дар лоиҳаи мазкур бошад, дар ҳаҷми пешина – 20 млн. евро боқӣ мемонад. Аз ҷониби Фаронса ширкати Vinci паймонкори кулли сохтмони иншоот таъин шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.