Кӯлоб: Ҳудуди 6 млн. сомонӣ қарзи аҳолӣ аз истифодаи барқ

Дата:


Соли гузашта ҳаҷми пардохти маблағи истифодаи нерӯи барқ аз ҷониби аҳолии шаҳри Кӯлоб 57%-ро ташкил дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори муассисаи шабакаи барқи шаҳри Кӯлоб Ҷумъахон Шарифов хабар дод, мабьлағи қарзи ҷории аҳолӣ дар охири сол ба 5 млн. 755,5 ҳазор сомонӣ баробар шудааст.

Ба қавли ӯ, дар ин давра корхонаву ташкилот ва муассисаҳои шаҳри Кӯлоб ба энергетикҳо ҳудуди 1,7 млн. сомонӣ маблағи истифодаи барқро пардохт накардаанд. «Бо назардошти бақияи қарзҳо аз солҳои пешин, имрӯз ҳаҷми маблағи қарз аз истифодаи барқ 30 млн. 296,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки 23 млн. 451,7 ҳазор сомониаш қарзи аҳолӣ аст», – афзуд номбурда.

Похожие материалы

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Поделиться:

spot_imgspot_img

Популярное