Боз як умедвории мизоҷони ширкати «Мовароуннаҳр»

Қарори Суди олии Тоҷикистон оид ба аз «ҳоли ҳабс» озод кардани иншооти ниматамоми ширкати сохтмонии «Мовароуннаҳр» ҷиҳати иҷро ба Вазорати адлияи ҷумҳурӣ ирсол шуд. Ин нуктаро Нусратулло Абдуллоев, раиси Суди олии ҶТ зимни як нишасти матбуотӣ дар Душанбе иброз дошт. Ба қавли ӯ, хисороти умумии расида аз ҷониби ин ширкат дар ҳаҷми 62 млн. сомонӣ […]

Наргис Ҳамробоева


Қарори Суди олии Тоҷикистон оид ба аз «ҳоли ҳабс» озод кардани иншооти ниматамоми ширкати сохтмонии «Мовароуннаҳр» ҷиҳати иҷро ба Вазорати адлияи ҷумҳурӣ ирсол шуд. Ин нуктаро Нусратулло Абдуллоев, раиси Суди олии ҶТ зимни як нишасти матбуотӣ дар Душанбе иброз дошт.

Ба қавли ӯ, хисороти умумии расида аз ҷониби ин ширкат дар ҳаҷми 62 млн. сомонӣ ё худ 14 млн. доллари ИМА муқаррар шуда, арзиши иншооти нотамоми мариди ҳабс қароргирифта хеле камтар будааст. Дар ҳамин ҳол, номбурда баҳои арзиши иншооти мазкурро мушаххасан зикр накарда, танҳо изҳор намуд, ки «арзиши онҳо дар ҳалномаи суд ва суди зинаи таҷдиди назар дарҷ ёфтааст».

Раиси Суди олии ҷумҳурӣ таъкид кард, ки давоми тафтишот ва мурофиаи судӣ фаъолияти ширкати «Мовароуннаҳр» боздошта нашуда, бо мақсади таъмини ҷуброни зарари моддӣ ба шаҳрвандон, амволи ширкат ба ҳабс гирифта шуда буд.

Чанде қабл иҷрокунандаи вазифаи мудири кулли ҶДММ «Мовароуннаҳр» Тӯрабек Охунов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки мувофиқи қарори чанде қабл содиршудаи Суди олии ҶТ, амволи ғайриманқули ширкат дар шакли иншооти сохтмонаш ниматамом аз «ҳоли ҳабс» озод гардида, сохтмонаш ба итмом мерасад.

«Акнун 530 нафар мизоҷони ширкат, ки ба сохтмон маблағгузорӣ карда буданду то ҳол соҳиби манзил нагардида буданд, ҷиҳати соҳиби манзил шудан акнун боз як умедвории дигар пайдо карданд. Гузашта аз ин, сарпарастонро мо аллакай пайдо кардем», – мегӯяд Т.Охунов.

Ба қавли номбурда, иншооти сохтмонаш ниматамоми ширкат аз 8 бинои баландошёна дар микрорайонҳои 82, 33 ва маҳаллаи Гипроземи пойтахт иборат аст.

«Амволи ғайриманқул муддати 2 солу 3 моҳ дар «ҳоли ҳабс» қарор дошт ва корҳои сохтмонӣ дар он қатъ шуда, пас аз

маҳкум шудани роҳбари ширкат Ҷӯрабек Охунов

бо мусодираи амвол, мизоҷони ширкат борҳо ҷиҳати манъи фурӯши ин иншоот ба Суди олӣ ва Прокуратураи генералӣ муроҷиат намуданд», – иброз дошт Т.Охунов.

Ёдрас мекунем, ки раиси ширкат Ҷӯрабек Охунов дар содир намудани ҷиноят мутобиқи ҳамаи моддаҳои пешниҳодшуда – ба қаллобӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд, фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ, расонидани зарар ба амвол тавассути фиреб ё суистеъмол аз боварӣ ва камомад гунаҳкор дониста шуд. Бо назардошти қонуни афв, аз муҳлати ҷазои ӯ 7 сол боқӣ мондааст.

Ширкати «Мовароуннаҳр» аз соли 2005 ба сохтмони ипотекии манзили зист машғул аст, аммо аз аҳолӣ қисман ё пурра маблағи сохтмони манзили зистро ҷамъоварӣ намуда, на ҳамаро бо манзили зисти ваъдагӣ таъмин кардааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.