Дар минтақаи шимоли мамлакат як миқдори муайяни долларҳои қалбакӣ мусодира гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ин робита кормандони милисаи вилояти Суғд аснои гузаронидани чораҳои фаври-ҷустуҷӯӣ дар қаламрави бозори «Сомон»-и Хуҷанд ду нафар сокинони вилоятро дастгир намуданд.
«Ҳангоми тафтиши автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», ки ба яке аз дастгиршудагон тааллуқ дорад, 80 дона пули арзиши ҳар кадоме 100 доллараи қалбакӣ дарёфт ва мусодира карда шуд», – гуфтанд дар ВКД.
Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.



