Беш аз 3 млн. $ барои сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқӣ

Тӯли солҳои истиқлолият дар Тоҷикистон 282 адад нерӯгоҳи хурди барқӣ бо иқтидори умумии 25,2 ҳазор кВт мавриди истифода қарор гирифт. Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, соли гузашта дар ҷумҳурӣ 17 адад нерӯгоҳи хурди барқӣ бо иқтидори умумии 1,9 ҳазор кВт ба истифода дода шуда, маблағи умумии хароҷоти бунёди он 14,7 млн. сомонӣ […]

Заррина Эргашева


Тӯли солҳои истиқлолият дар Тоҷикистон 282 адад нерӯгоҳи хурди барқӣ бо иқтидори умумии 25,2 ҳазор кВт мавриди истифода қарор гирифт.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, соли гузашта дар ҷумҳурӣ 17 адад нерӯгоҳи хурди барқӣ бо иқтидори умумии 1,9 ҳазор кВт ба истифода дода шуда, маблағи умумии хароҷоти бунёди он 14,7 млн. сомонӣ (3,08 млн. $)-ро ташкил дод.

«Аз 17 нерӯгоҳи хурдии барқии соли гузашта бунёдёфта 3-тоаш аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ ва бурсҳо ва 14-тоаш аз ҳисоби сармоягузории хусусии маҳаллӣ сохта шуданд», – гуфтанд дар вазорат.

Ба иттилои манбаъ, то соли 2015 дар Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифтани боз 70 нерӯгоҳи хурди обиву барқӣ дар назар аст. «Феълан сохтмони 14 нерӯгоҳи хурди барқӣ бо иқтидори умумии беш аз 16 ҳазор кВт идома дошта, 11-тои онҳо аз ҳисоби бурсҳо ва 3-тоаш аз ҳисоби сармоягузорони маҳаллӣ маблағгузорӣ шудаанд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки барои озмоиши истифода аз сарчашмаҳои алтернативии энергия дар манотиқи кишвар 9 адад дастгоҳҳои истеҳсоли нерӯи барқи бодӣ (шамолӣ) бо иқтидори умумии 5 кВт ва 2,7 ҳазор адад дастгоҳҳои истеҳсоли нерӯи барқ аз офтоб насб шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.