Оташкушоии пулис ба автомашинаи тоҷикон дар вилояти Маскав

Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта дар бемористони ноҳияи Одинсовои вилояти Маскави Русия шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон, зодаи ноҳияи Мӯъминобод Ҷумъахон Азизов ба ҳалокат расид. Бино ба маълумоти намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия, ӯ аз оташкушоии кормандони пулиси ин ноҳия ба автомашинаи тоҷикон ҷароҳати марговар бардоштааст. Ба иттилои манбаъ, зимни боздиди корманди намояндагӣ аз ШКД-и […]

Аваз Юлдошев


Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта дар бемористони ноҳияи Одинсовои вилояти Маскави Русия шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон, зодаи ноҳияи Мӯъминобод Ҷумъахон Азизов ба ҳалокат расид.

Бино ба маълумоти намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия, ӯ аз оташкушоии кормандони пулиси ин ноҳия ба автомашинаи тоҷикон ҷароҳати марговар бардоштааст.

Ба иттилои манбаъ, зимни боздиди корманди намояндагӣ аз ШКД-и ноҳияи Одинсово маълум шудааст, ки шаби 11 ба 12-уми январи соли равон зимни ҳаракат бо автомашина дар қаламрави ноҳия, ки дар дохили он панҷ нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур доштаанд, онҳо ба талаботи кормандони пулис оид ба манъи воситаи нақлиёт итоат накарда, кормандони пулис ба сӯи автомашинаи онҳо оташ кушодаанд. «Дар натиҷа Ҷумъахон Азизов ҷароҳати марговар бардошта, ба ҳалокат расидааст ва аз рӯи ин ҳодиса тафтишот ҷараён дорад», – иттилоъ медиҳад намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Русия, аз рӯи ин далел кормандони пулис ҳамчунин боз чор нафар шаҳрвандони дигари Тоҷикистон – Шуҳрат Шарифов, Саидшоҳи Шоҳвалӣ, Аҳмадхони Хайраҳмад ва А.Ҷабборовро низ боздошт намудаанд.

«Таҳқиқи ҳодисаи мазкурро сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев таҳти назорат қарор дод», – гуфта мешавад дар иттилои сафорат.

Дар бораи ин ҳодиса ҳанӯз ба Сафорат аз ҷониби мақомоти расмии кишвари иқомат иттилои расмии хаттӣ ворид нашуда, бино ба таъкиди он ҷониб, рӯзҳои наздик тафсили мавзӯъ ба Сафорат пешниҳод карда хоҳад шуд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.