АНМН: Боздошти як афғон бо 16 кило маводи мухаддир

Зимни як амалиёти муваффақонаи кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ дар ВМКБ аз кӯшиши интиқоли маводи мухаддир ба қаламрави вилоят ҷилавгирӣ карда шуд. Бино ба маълумоти АНМН, кормандони фаврӣ тибқи маълумоти дастрасшуда дар қаламрави рустои Шанбедеҳи ноҳияи Ишкошим як шаҳрванди Афғонистонро бо халтаи пур аз маводи хамирмонанди рангаш қаҳваӣ ва бастаи дорои […]

ASIA-Plus


Зимни як амалиёти муваффақонаи кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ дар ВМКБ аз кӯшиши интиқоли маводи мухаддир ба қаламрави вилоят ҷилавгирӣ карда шуд.

Бино ба маълумоти АНМН, кормандони фаврӣ тибқи маълумоти дастрасшуда дар қаламрави рустои Шанбедеҳи ноҳияи Ишкошим як шаҳрванди Афғонистонро бо халтаи пур аз маводи хамирмонанди рангаш қаҳваӣ ва бастаи дорои моддаи растанинасаб бо бӯи махсус  боздошт намуданд.

«Лабораторияи ташхиси судии Раёсати Агентӣ дар ВМКБ наздик ба 5 кило афюн ва 11 кило ҳашиш будани моддаҳои мусодирашударо таъйид намуд. Аз «меҳмони» афғонӣ, ки ғайриқонунӣ марзи давлатиро убур карда буд, дар маҷмӯъ бештар аз 15 кило мухаддирот мусодира карда шудааст», – гуфтанд дар Агентӣ.

Ба иттилои манбаъ, аз рӯи ин ҳодиса дар Шуъбаи тафтишотии Агентӣ тибқи моддаҳои 289, қисми 2 ва 200 қисми 4 (Убури ғайриқонунии марзи давлатии ҶТ, қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ бо мақсади фурӯш) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки боздоштшуда дар айни замон дар тафқифгоҳи муваққатии раёсати номубурда нигаҳдорӣ мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.