Гуфтугӯи телефонии нахуствазир бо Игор Шувалов

Чанде қабл зимни гуфтугӯи телефонӣ миёни нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ва муовини аввали раиси ҳукумати Русия Игор Шувалов масоили марбут ба фаъолияти комиссияҳои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва ҳамчунин масъалаи ҷараёни таҳия ва имзои Созишнома дар бораи таҳвили маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бидуни боҷи содиротӣ баррасӣ шуданд. Бино ба маълумоти Котиботи нахуствазири ҷумҳурӣ, […]

Аваз Юлдошев


Чанде қабл зимни гуфтугӯи телефонӣ миёни нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ва муовини аввали раиси ҳукумати Русия Игор Шувалов масоили марбут ба фаъолияти комиссияҳои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва ҳамчунин масъалаи ҷараёни таҳия ва имзои Созишнома дар бораи таҳвили маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бидуни боҷи содиротӣ баррасӣ шуданд.

Бино ба маълумоти Котиботи нахуствазири ҷумҳурӣ, зимни гуфтугӯ зикр гардидааст, ки лоиҳаи Созишнома дар бораи таҳвили маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бидуни боҷи содиротӣ бо назардошти пешниҳодоти ҳарду ҷониб омода гардида, ояндаи наздик масъалаи имзои он ҳаллу фасл мешавад.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои як манбаъи ОИ «Азия-Плюс» аз ҳукумати ҷумҳурӣ, рӯзи 17-уми январ ташрифи вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ба Тоҷикистон дар назар аст ва аз эҳтимол дур нест, ки дар ҷараёни ин сафар созишномаи зикршуда ба имзо хоҳад расид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.