Таваҷҷуҳи САҲА ба нерӯгоҳҳои хурди Тоҷикистон

Ахири ҳафтаи гузашта миёни Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ва Созмони Амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид. Бино ба маълумоти Хадамоти матбуоти Вазорати мазкур, Ёддошт аз ҷониби вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Гул Шералӣ ва сафири САҲА Ивар Ваки пас аз гуфтушуниди дуҷониба ба имзо расид. Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ […]

ASIA-Plus


Ахири ҳафтаи гузашта миёни Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ва Созмони Амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид.

Бино ба маълумоти Хадамоти матбуоти Вазорати мазкур, Ёддошт аз ҷониби вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Гул Шералӣ ва сафири САҲА Ивар Ваки пас аз гуфтушуниди дуҷониба ба имзо расид.

Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои иҷрои барнома дар соҳаи энергетика бо мақсади мустаҳкам намудани манбаи техникию меъёрӣ дар бахши нерӯгоҳҳои хурди барқии Тоҷикистон ва густариши ҳамкорӣ дар бахши энергетика, инчунин таҷдид ва азнавсозии НБО-ҳои хурди амалкунандаро дар мавзеи ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

«Ҷонибҳо аз натиҷаҳои вохӯрӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамчунин иброз доштанд, ки густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба дар ин бахш ба манфиатҳои тарафайн судманд хоҳад буд», – гуфта мешавад дар хабари вазорат.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.