Гумонбарии кормандони сафорати ИМА ба марги сокини пойтахт

Date:


Шоми рӯзи 29-уми декабр дар мавзеи буриши кӯчаи Мирзо Турсунзода ва Лоиқ Шералӣ як  автомашина ба роҳгузар, сокини 52-солаи пойтахт, соҳибкори инфиродӣ Неъматҷон Бӯриев бармехӯрад. Худи ҳамон рӯз ин роҳгузар аз ҷароҳатҳои бардошта дар Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло) ба ҳалокат мерасад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Акбар Бердиев, бародари соҳибкори ҳалокшуда хабар дод, ба қавли шоҳидон, бародари ӯро автомашинаи дорои рақамҳои дипломатӣ – 004 D 055 пахш намудааст. Рақамҳои дипломатии зикршуда ба сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон тааллуқ доранд. Чанде баъдтар тамғаи автомашина – Volkswagen Tuareg низ муайян карда шуд.

«Ба гуфтаи шоҳидони ҳодиса, пас аз пахш намудани роҳгузар, автомашина суръати ҳаракатро каме паст карда, сипас дарҳол аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад. Кормандони БДА ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, далелҳои шайъӣ – қисмати бампери пеш, панҷара ва чароғҳои равшанидиҳиро бо худ гирифтаанд. То ҷое, ки ман огаҳам, кормандони БДА автомашинаро дар манзили хусусие  дар кӯчаи Чехов, ки кормандони сафорати ИМА онро иҷора гирифтаанд, дарёфт намудаанд, вале баъдтар автомашинаро ба қаламрави сафорат дар ИМА бурдаанд», – гуфт А.Бердиев.

Сармуфаттиши ВКД Тоҷикистон оид ба парвандаҳои махсусан муҳим, подполковники милиса Аслам Тоибов, ки ба тафтиши ин ҳодиса машғул аст,  дар ин робита ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки «айни замон аз рӯи ин далел чорабиниҳои тафтишотӣ ҷараён дошта, ман ҳодисаро шарҳ ва ному насаби гунаҳкорони садамаро зикр карда наметавонам».

Дар ҳамин ҳол, яке аз моликони автомашинаи тамғаи Volkswagen Tuareg дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иброз дошт, ки рӯзи 30-юми декабр автомашинаи ӯро муфаттишони ВКД аз назар гузаронидаанд.

«Онҳо ба ман гуфтанд, ки тамоми автомашинаҳои тамғаи мазкурро, ки дар шаҳр мавҷуданд, аз назар гузаронидаанд. Шумораи умумии онҳо дар шаҳр ҳудуди 25 ададро ташкил медиҳад», – гуфт ӯ.

Аз сафоратхонаи ИМА дар ин робита ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки намояндагии дипломатӣ аз ин ҳодиса огоҳ аст. «Дар бораи тафтишот моро ҳукумати Тоҷикистон огоҳ намуда, мо ин қазияро пайгирӣ дорем. Сафорати ИМА ба ин масъала ҷиддӣ муносибат дошта, бо мақомоти интизомӣ ҳамкорӣ хоҳад кард», – иброз дошт роҳбари Шуъбаи робита бо ҷомеаи сафорати ИМА Уэсли Робертсон.  

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...