Гумонбарии кормандони сафорати ИМА ба марги сокини пойтахт

Шоми рӯзи 29-уми декабр дар мавзеи буриши кӯчаи Мирзо Турсунзода ва Лоиқ Шералӣ як  автомашина ба роҳгузар, сокини 52-солаи пойтахт, соҳибкори инфиродӣ Неъматҷон Бӯриев бармехӯрад. Худи ҳамон рӯз ин роҳгузар аз ҷароҳатҳои бардошта дар Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло) ба ҳалокат мерасад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Акбар Бердиев, бародари соҳибкори ҳалокшуда хабар дод, ба қавли […]

Аваз Юлдошев


Шоми рӯзи 29-уми декабр дар мавзеи буриши кӯчаи Мирзо Турсунзода ва Лоиқ Шералӣ як  автомашина ба роҳгузар, сокини 52-солаи пойтахт, соҳибкори инфиродӣ Неъматҷон Бӯриев бармехӯрад. Худи ҳамон рӯз ин роҳгузар аз ҷароҳатҳои бардошта дар Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло) ба ҳалокат мерасад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Акбар Бердиев, бародари соҳибкори ҳалокшуда хабар дод, ба қавли шоҳидон, бародари ӯро автомашинаи дорои рақамҳои дипломатӣ – 004 D 055 пахш намудааст. Рақамҳои дипломатии зикршуда ба сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон тааллуқ доранд. Чанде баъдтар тамғаи автомашина – Volkswagen Tuareg низ муайян карда шуд.

«Ба гуфтаи шоҳидони ҳодиса, пас аз пахш намудани роҳгузар, автомашина суръати ҳаракатро каме паст карда, сипас дарҳол аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад. Кормандони БДА ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, далелҳои шайъӣ – қисмати бампери пеш, панҷара ва чароғҳои равшанидиҳиро бо худ гирифтаанд. То ҷое, ки ман огаҳам, кормандони БДА автомашинаро дар манзили хусусие  дар кӯчаи Чехов, ки кормандони сафорати ИМА онро иҷора гирифтаанд, дарёфт намудаанд, вале баъдтар автомашинаро ба қаламрави сафорат дар ИМА бурдаанд», – гуфт А.Бердиев.

Сармуфаттиши ВКД Тоҷикистон оид ба парвандаҳои махсусан муҳим, подполковники милиса Аслам Тоибов, ки ба тафтиши ин ҳодиса машғул аст,  дар ин робита ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки «айни замон аз рӯи ин далел чорабиниҳои тафтишотӣ ҷараён дошта, ман ҳодисаро шарҳ ва ному насаби гунаҳкорони садамаро зикр карда наметавонам».

Дар ҳамин ҳол, яке аз моликони автомашинаи тамғаи Volkswagen Tuareg дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иброз дошт, ки рӯзи 30-юми декабр автомашинаи ӯро муфаттишони ВКД аз назар гузаронидаанд.

«Онҳо ба ман гуфтанд, ки тамоми автомашинаҳои тамғаи мазкурро, ки дар шаҳр мавҷуданд, аз назар гузаронидаанд. Шумораи умумии онҳо дар шаҳр ҳудуди 25 ададро ташкил медиҳад», – гуфт ӯ.

Аз сафоратхонаи ИМА дар ин робита ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки намояндагии дипломатӣ аз ин ҳодиса огоҳ аст. «Дар бораи тафтишот моро ҳукумати Тоҷикистон огоҳ намуда, мо ин қазияро пайгирӣ дорем. Сафорати ИМА ба ин масъала ҷиддӣ муносибат дошта, бо мақомоти интизомӣ ҳамкорӣ хоҳад кард», – иброз дошт роҳбари Шуъбаи робита бо ҷомеаи сафорати ИМА Уэсли Робертсон.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.