Оғози баргузории ҷарроҳии пӯшидаи гурда дар Маркази миллии тиббӣ

Date:


Дар  Маркази миллии тиббӣ бо иштироки муовини вазири тандурустии ҷумҳурӣ Соҳибназар Раҳмонов маросими ифтитоҳи шӯъбаи нави эндоурологӣ баргузор гардид. 

Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати тандрустии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар  ин шӯъба  бо дастрасии таҷҳизати наву замонавӣ, ки истеҳсоли Олмон аст, бо роҳи пӯшида ҷарроҳиҳои мухталиф аз ҷониби мутахассисони тоҷик  роҳандозӣ хоҳад шуд.

«Дар ин шӯъба гирифторони бемориҳои аденомаи ғадуди простата, сангҳои найчадон, омосҳои роҳҳои пешобгузар ва  дигар бемориҳои сангҳои гурда ва роҳҳои пешоб дар кӯтоҳтарин муддат ҷарроҳӣ карда хоҳанд шуд», – омадааст дар иттили вазорат.

Ба иттилои манбаъ, қаблан агар гирифторони чунин бемориҳо  бо роҳи кушода ҷарроҳӣ  карда шуда, то 15 рӯз бистарӣ мешуданд, имрӯз онҳо бо роҳи пӯшида, яъне эндовидеоҷарроҳӣ дар муддати кӯтоҳ, 2-3 рӯз бистарӣ гардида табобат меёбанд.

Зимнан зикр гардид, ки бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон барои дастрасии таҷҳизоти пешқадами муосир  ва таъмири ҳуҷраи ҷарроҳӣ маблағи беш аз 720 ҳазор сомонӣ сарф шуда, ҳамчунин дар шӯъбаи қабули  Маркази миллии тиббӣ толори ҷарроҳӣ ба кор шурӯъ кард. Ин толор бо масрафи 165 ҳазор сомонӣ таъмир  ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...