Оғози баргузории ҷарроҳии пӯшидаи гурда дар Маркази миллии тиббӣ

Дар  Маркази миллии тиббӣ бо иштироки муовини вазири тандурустии ҷумҳурӣ Соҳибназар Раҳмонов маросими ифтитоҳи шӯъбаи нави эндоурологӣ баргузор гардид.  Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати тандрустии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар  ин шӯъба  бо дастрасии таҷҳизати наву замонавӣ, ки истеҳсоли Олмон аст, бо роҳи пӯшида ҷарроҳиҳои мухталиф аз ҷониби мутахассисони тоҷик  роҳандозӣ хоҳад шуд. «Дар ин шӯъба […]

ASIA-Plus


Дар  Маркази миллии тиббӣ бо иштироки муовини вазири тандурустии ҷумҳурӣ Соҳибназар Раҳмонов маросими ифтитоҳи шӯъбаи нави эндоурологӣ баргузор гардид. 

Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати тандрустии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар  ин шӯъба  бо дастрасии таҷҳизати наву замонавӣ, ки истеҳсоли Олмон аст, бо роҳи пӯшида ҷарроҳиҳои мухталиф аз ҷониби мутахассисони тоҷик  роҳандозӣ хоҳад шуд.

«Дар ин шӯъба гирифторони бемориҳои аденомаи ғадуди простата, сангҳои найчадон, омосҳои роҳҳои пешобгузар ва  дигар бемориҳои сангҳои гурда ва роҳҳои пешоб дар кӯтоҳтарин муддат ҷарроҳӣ карда хоҳанд шуд», – омадааст дар иттили вазорат.

Ба иттилои манбаъ, қаблан агар гирифторони чунин бемориҳо  бо роҳи кушода ҷарроҳӣ  карда шуда, то 15 рӯз бистарӣ мешуданд, имрӯз онҳо бо роҳи пӯшида, яъне эндовидеоҷарроҳӣ дар муддати кӯтоҳ, 2-3 рӯз бистарӣ гардида табобат меёбанд.

Зимнан зикр гардид, ки бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон барои дастрасии таҷҳизоти пешқадами муосир  ва таъмири ҳуҷраи ҷарроҳӣ маблағи беш аз 720 ҳазор сомонӣ сарф шуда, ҳамчунин дар шӯъбаи қабули  Маркази миллии тиббӣ толори ҷарроҳӣ ба кор шурӯъ кард. Ин толор бо масрафи 165 ҳазор сомонӣ таъмир  ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.